Эрон барои ҳодисае дар Натанз Исроилро гунаҳгор кард

Эрон таҳдид кард, ки барои «харобкорӣ» дар муассисаи ҳастаии Натанз аз Исроил интиқом мегирад, чун ин кишварро дар сар задани ҳодисаи ахир гунаҳгор медонад. Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонсии нирӯи ҳастии Эрон гуфт, ки дар як ҳодисаи «терроризми ҳастаӣ» рӯзи 11 апрел нирӯи барқ қатъ шуд ва ин ҳодиса як рӯз баъди он рух дод, ки дар ин корхона дастгоҳи нави ғанисозии ураниум ба кор дароварда шуд. Дар Натанз барномаи  калидии  ғанисозии ураниуми Эрон иҷро мешавад. Ин барнома зери назари Оҷонсии нирӯи ҳастаии СММ аст, ки гуфтааст, аз ҳодисаи ахир хабар дорад, вале онро шарҳ намедиҳад. Рӯзи 12 апрел телевизиони давлатӣ гуфт, ки вазири хориҷаи Эрон Ҷавод Зариф масъулияти рух додани ҳодисаро ба дӯши Исроил вогузор кард ва гуфт, “ин кишвар пешрафтҳои моро дар гуфтугӯҳо бо ҳадафи  бекор кардани таҳримҳо намехоҳад, аз ин рӯ дар фикри  интиқом аст”. Вале вазири эронӣ далели қавитари даст доштани Исроил дар ин ҳодисаро фароҳам накард.

Вале чандин матбуоти исроилӣ бо такя ба манобеи номаълуми истихборотӣ навиштанд, ки аз кор мондани Натанз кори дасти хадамоти иктишофии Моссад буд, то ки корҳои ғанисозии ураниум дар ин кишвар моҳҳо ба ақиб андохта шавад. Дар ҳоле, ки нахуствазир Бенямин Нетаняҳу Эронро азимтарин таҳдид ба Исроил меномад, дар заминаи эҳтимоли даст доштани ҳукуматаш дар ин ҳодиса ҳеҷ шарҳ ё раддияе  надодааст.

Вале нашрияи амрикоии The New York Times бо такя ба манобеи амниятӣ дар ИМА ва Исроил навишт, ки  Исроил дар “таркиши азиме” дар Натанз даст дорад. Ба навиштаи нашрия, таркиш боиси аз байн бурдани низоми барқдиҳии дохилӣ шуд, ки  ғанисозии ураниум дар сентрифугаҳоро таъмин мекард. Ба навиштаи манбаъ, зарба ба низоми барқ то он андоза қавӣ буд, ки барои ҳадди аққал 9 моҳ корҳои ғанисозӣ дар Натанзро ғайриимкон мегардонад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.