Эрон бинобар таҳримҳои ИМА аз ҳисоби содироти нафт $100 млрд зарар дидааст

Эрон ба иллати таҳримҳои ИМА аз ҳисоби содироти нафт $100 млрд зарар дидааст. Дар ин бора муовини президенти Эрон Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ дар маросими гузоштани санги асоси корхонаи нафту кимиёӣ дар вилояти Кирмоншоҳ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, таҳримҳои ИМА ба иқтисоди Ҷумҳурии исломии Эрон зарбаи сахте задаанд. “Агар ин таҳримҳо намешуданд, мардуми Эрон ҳоло дар ин вазъи бади иқтисодӣ қарор надоштанд”, – изҳор дошт Ҷаҳонгирӣ.

Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ бо зикри аҳамияти саноати нафту кимиё барои Эрон аз намояндагони бахши хусусӣ даъват кард, ки ба ин бахши иқтисоди кишварашон сармоягузорӣ кунанд.

Президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ 26 сентябри соли 2020 дар як суханронии худ гуфт, Теҳрон дар пайи таҳримҳои ИМА, ки соли 2018 дубора аз сар гирифта шуданд, ҷамъан 150 млрд доллар зарар дидааст.

Таҳримҳои ИМА бахшҳои калидии иқтисоди Эрон – истихроҷи нафту низоми бонкиро фаро мегиранд. Вашингтон аз 5 ноябри соли 2018, баъди хориҷшавии Амрико аз созишномаи ҳастаӣ бо Теҳрон воридоти нафти Эрону ҳамкорӣ бо ширкатҳои эронии истихроҷкунандаи нафтро манъ кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.