Эрон рекатаҳои баллистикиашро ба намоиш гузошт: Интиқоми сахт дар интизори ҷинояткорон аст!

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Расонаи дастовардҳои низомии Эрон навореро нашр кард, ки дар он лаҳазоти танзими мушакҳои баллистикӣ ҳамроҳ бо низомиёни ниқобпӯш нишон дода мешавад.

  • Ин навор дар ютубканали ин расона – Iran’s Military Achievements Media гузошта шудааст. Дар навор дида мешавад, ки чандин адад мушакҳои баллистикиро низомиёни эронӣ танзим кардаву дар ҳолати омодабош қарор медиҳанд.
  • Ба назар мерасад, ки пойгоҳи мушакҳо дар зери замин аст. Вале мавқеи он маълум нест. Дар ин навори кӯтоҳи чор дақиқаина ба ҷуз мушакҳо се низомии баландрутбаро дар ҳолати қадамзанӣ ва шиносоӣ бо таҷҳизоти низомӣ ва акҳои Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи кушташудаи нирӯҳои Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, Оятуллоҳ Ҳумайнӣ ва роҳбарони қаблӣ ва кунунии ҶИЭ Имом Ҳумайнӣ ва Сайид Алӣ Хоманаӣ нишон дода мешавад.
  • “Вагонҳои ҳамли мушакҳои баллистикӣ ва дурбаранда метаваонанд шароити тирандозии мудомро дар ин платформа эҷод кунанд”, омадааст дар шарҳи навор.
  • Дар охири навор навишта шудааст, ки “Интиқоми сахт дар интизори ҷинояткорон аст.
  • Эрон аз кишварҳои аз ҷиҳати нирӯҳои низомӣ пурқудрат ба шумор меравад.  ИМА ҳамеша зидди ин кишвар таҳрим эълон кардаву онро дар сохтани силоҳи атомӣ айбдор мекунад.

 

The post Эрон рекатаҳои баллистикиашро ба намоиш гузошт: Интиқоми сахт дар интизори ҷинояткорон аст! appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.