Эрон сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард

Вазорати корҳои хориҷии Эрон ба пахши филми “Хиёнат” дар телевизионҳои давлатии Тоҷикистон “шадидан эътироз” кардааст.

Ин вазорат бо нашри изҳороти расмӣ дар сомонааш гуфт, рӯзи 25-уми сентябр сафири Тоҷикистонро дар Теҳрон эҳзор кард ва эътирозашро “нисбат ба иттиҳомоти беасоси ворида ва рафтори ғайримасъулонаи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон” баён намуд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ин масъаларо шарҳ надодаанд ва дар сурати рӯшан шудани мавқеи онҳо дар ин хабар изофа хоҳад шуд.

Филми “Хиёнат”, иборат аз чанд қисм, тавассути телевизионҳои давлатии Тоҷикистон намоиш дода шуда, дар он борҳо ба “кишвари ба мо маълум” ишора шудааст.

Вазорати умури хориҷии Эрон дар хабари расмиаш гуфтааст, “Ҷумҳурии Исломӣ хоҳони равобити дӯстона, бародарона ва мубтанӣ бар эҳтироми мутақобил бо Тоҷикистон аст. Аммо истимрор (идома ёфтан)-и ингуна рафторҳо аз сӯи давлати он кишвар хилофи қоидаи равобити дӯстона буда ва давлати Тоҷикистон бояд ба табъоти чунин рафторҳое тавҷеҳ дошта бошад.”

Бино ба ин изҳорот, дар Вазорати умури хориҷии Эрон ба сафири Тоҷикистон гуфтаанд, “Ҷумҳурии Исломӣ интизор дорад давлати Тоҷикистон нисбат ба тасҳеҳи рӯйкарди худ бавижа дар тавқифи таблиғоти дурӯғин алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар телевизиони он кишвар иқдом намояд.”

Дар ҳоле ки ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар замина чизе нагуфтааст, Вазорати умури хориҷии Эрон мегӯяд, дар ҳафтаи ҷорӣ бори дувум аст, ки намояндаи расмии Душанберо дар Теҳрон эҳзор мекунад.

Моҳи август низ ҷониби Эрон дар робита ба пахши филми «Хиёнат” вокуниш карда буд.

Филми «Хиёнат», ки дар поёни он муаллифаш Раҳмат Темуриён ва ҷойи таълифаш шуъбаи филмҳои ҳунарӣ ва ҳуҷҷатии муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” ишора шудааст, аз моҳи июн то сентябр бахш ба бахш намоиш дода шуд.

Таҳиягарон дар ин филм ҳизби ҳоло дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломиро ба барангехтани ҷанги шаҳрвандӣ ва қатли чеҳраҳои саршинос дар Тоҷикистон ва “кишвари ба мо маълум”-ро ба сармоягузорӣ аз онҳо муттаҳам карданд.

Намояндагони мухолифин дар хориҷа муҳтавои филмро рад карда, изҳороти наздиконашонро дар он маҷбурӣ ва сохта донистанд. Мақомот, баръакс, ҳамвора ба дурустии муҳтавои он таъкид доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.