Эрону IAEA роҳҳои иҷрои созиши атомиро баррасӣ кардаанд

Рафаел Гросси, мудири Оҷонси Байналмилалии Энержии Атомӣ бо Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони Энержии Атомии Эрон мулоқот кардааст. Мулоқот ду рӯз пеш аз он сурат мегирад, ки қарор аст, Эрон дигар иҷоза надиҳад, нозирони байналмилалӣ ҳар вақт, ки хоҳанд, иншооти атомии он кишварро таҳқиқ кунанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ чанде пеш гуфт, агар Созмони Милал таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди Эронро хотима надиҳад, ин кишвар дигар тааҳудоташ бар асоси созиши атомӣ бо қудратҳои ҷаҳониро иҷро намекунад.

Бар асоси як санади иловагӣ бар созиш, нозирони Оҷонси Байналмилалии Атомӣ ҳақ доранд, ба таври ногаҳонӣ ба Эрон омада ва реактору дигар иншооти атомии Эронро тафтиш кунанд. Рафаэл Гросси, ҳафтаи гузашта ба Теҳрон сафар кард ва ба гуфтаи мақомоти оҷонсии мазкур, ҳадафи сафар, пайдо кардани роҳи ҳалли муносиб барои ду тараф ҷиҳати идомаи назорат бар барномаи атомии Эрон аст.

Ин кишвар соли 2015 бо шаш қудрати ҷаҳонӣ созише имзо кард, ки бар асоси он Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд мекунад ва дар иваз таҳримоти байналмилалӣ ба зидди онро мебардоранд.

Аммо Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико моҳи майи соли 2018 кишварашро аз созиш берун кард ва таҳримотро баргардонд. Эрон низ ба тадриҷ аз иҷрои баъзе аз бандҳои созиш даст кашида, ғанисозии ураниум ва дигар фаъолиятҳои атомиро зиёдтар кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.