Этикаи журналистӣ: оё он дар фазои рақамӣ тағйир хоҳад ёфт. Подкасти “Медиаи нав”

Этикаи журналистӣ пас аз пайдоиши шабакаҳои иҷтимоӣ хеле тағйир ёфт. Ҳамчунин ба он ҷангҳои иттилоотие, ки дар интернет ҷараён доранд, низ таъсир мерасонанд.  

Оё фаъолияти тиҷоратиро аз қисмати эҷодӣ ҷудо намудан ба редаксияҳо лозим аст ва инро дар шароити редаксияҳои тоҷикӣ, ки коргари зиёд надоранд, чӣ тавр метавон анҷом дод. Оё рӯзноманигорони тоҷик бояд ба ҷангҳои иттилоотӣ дахолат кунанд? Атрофи ин ва дигар масоил мо бо журналисти тоҷик Абдулазиз Восиев сӯҳбат кардем.

Ӯ мутмаин аст, ки блогерон, ки акнун нисбат ба расонаҳо хабарро тезтар мерасонанд, бояд одоби журналистиро низ риоя кунанд.

Абдулазиз ҳамчунин бар ин назар аст, ки ҳар нафаре, ки маълумоти журналистӣ надорад, имрӯз метавонад рӯзноманигор бошад. Муҳим маҳорат аст, ки ҳангоми таҷриба ба даст меояд. “Ҳатто табибе, ки маҳорати хуби навиштан дорад, метавонад рӯзноманигор шавад”, – мегӯяд, Абдулазиз.

Подкаст дар доираи лоиҳаи IWPR «Giving Voices – Driving Change: from the Borderland to Steppes» таҳия шудааст. Ҳадафи лоиҳа баланд бардоштани зарфияти насли нави таҳлилгарон ва рӯзноманигорон аст, ки таҳлили босифат ва дастрасро ба ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи Осиёи Марказӣ пешниҳод мекунанд. Муҳтавои подкаст, назарот ва дидгоҳҳо танҳо ба муаллифон марбут буда, метавонанд ба мавқеи расмии IWPR мухолифат дошта бошанд.

Сообщение Этикаи журналистӣ: оё он дар фазои рақамӣ тағйир хоҳад ёфт. Подкасти “Медиаи нав” появились сначала на YOUR.

Манбаъ: Your.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.