Эътирозҳо дар Покистон баъди боздошти раиси як ҳизби тундрав

Баъди он ки мақомот як раҳбари ҳизби тундрави исломии ташаббускори эътирозҳои зидди фаронсавиро боздошт карданд, дар шаҳрҳои калонтарини Покистон эътирозҳо бархост. Полис гуфт, ки Саад Ризви, раҳбари ҳизби “Таҳрики лаббайки Покистон” 12-уми апрел дар шаҳри шарқии Лоҳур ба хотири “таъмини қонун ва тартибот” боздошт шуд. Ин ҳизб талаб кард, ки дар посух ба нашри карикатураҳои Муҳаммад Пайғамбар дар Фаронса, ҳукумати Покистон сафири ин кишвар дар Исломободро пеш кунад. Ҳабси Ризвӣ ҳамон замон боиси эътирози тарафдоронаш шуд ва онҳо дар гирди бинои ҳизб дар Лоҳур ҷамъ омаданд. Базудӣ миёни онҳову ходимони полис задухӯрд  бархост ва полис дар посух аз гази ашковар ва об истифода намуд. Тарафдорони Ризвӣ инчунин дар канораҳои шаҳри Исломобод ҳам раҳпаймоӣ карданд ва бархе ҳаракат ба самти Карочиро ҳам масдуд карданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.