Эътироз дар корхонаи ширкати Uzbekistan GTL аз таъхир дар пардохти маош ва беғизо мондани коргарон

Рӯзи 21-уми октябр коргарони корхонаи ширкати , ки дар ноҳияи Ғузори вилояти Қашқадарёи Узбекистон ҷойгир аст, даст ба эътироз ва хароб кардани корхона заданд. Ба иттилои пешакӣ, сабаби эътироз чанд моҳ пардохт нашудани маош ва беғизо мондани коргарони ин корхонаи иборат аз 12 ҳазор коргар будааст. Uzbekistan GTL корхонаи истеҳсоли гази моеъ мебошад. 

Дар ин бора Радиои Озодлик – Бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод. Дар наворҳои видеоие, ки дастрас шуд, дида мешавад, ки чанд ҳазор мардуми норозиву хашмгин ба биноҳои маъмурият ва худи корхонаи истеҳсолӣ ҳамла карда, ҳамаро хароб мекунанд.  Феълан маълум нест, ки оё дар ин ҳодиса касе осеб дид ё на, вале дар наворҳои видеоӣ дида мешавад, ки дар замини корхонаи валангоршуда паи хун намудор мешавад.

Тибқи иттилои охир, мақомот барои пахши эътирозгарони хашин ба маҳалли ҳодиса нирӯҳои Горди миллӣ ва гурӯҳҳои зудамали Вазорати умури дохилӣ ва амнияти давлатиро сафарбар карданд. Додситонии кулли Узбекистон бо пахши иттилоияе гуфтааст, ки аз рӯи ин қазия тафтиш шурӯъ шудааст.

Дар наворҳои видеоии ба унвонии Радиои Озодлик дастрасшуда дида мешавад, ки дар натиҷаи ҳамлаи мардуми хашин таҷҳизоти корхона ва утоқҳои маъмурияти он хароб шудааст.

 Як корманди ин корхона ба шарти ифшо нашудани номаш ба Озодлик нақл кард, ки хашми коргарон баъди он баланд шуд, ки ғизои маъмулан саривақт таъминшавандаи коргарон 2 навбат дода нашуд. Ӯ гуфт:   “Дар  як баст дар корхона 1200 нафар кор мекунад. Аз он ҷо то ҷои зисташон дарлагер ё урдугоҳ 4 км роҳ аст. Ба онҳо 20-уми октябр ғизои шомро надоданд ва ҳам субҳи  21-уми октябр субҳона надоданд. Кормандон аз ин рафтори ошхона дар ғазаб шуданд ва ошхонаву  бинои маъмурияти корхонаро ҳамла ва валангор каранд”.

Дар дафтари намояндагии ширкати Uzbekistan GTL дар шаҳри Тошканд гуфтанд, ки гӯё бо сабаби вайрон шудани дари ошхона кормандон ғизо хӯрда натавонистанд ва ин ҳодиса сар зад.

Тафсилоти бештар дар идомаи рӯз нашр мешавад

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.