Эътирозгарон истеъфои Лукашенкоро хостанд. ВИДЕО

“Зинда бод Беларус!”, “Саша истеъфо!”, аз шиорҳои эътирозгарон буд, ки барканории Лукашенко ва баргузории интихоботи навро талаб мекарданд.

Эътирозҳо дар Беларус бештар аз як моҳ боз давом дорад.

Эълони президент Александр Лукашенко ба унвони барандаи интихоботи президентии рӯзи 9 август ба бовари мухолифон тақаллуби натиҷаҳои интихоботӣ буд ва ҳамин сабаб шуд, ки мардум ба эътироз бихезанд.

Ҳазорҳо мардум дар Беларус бовар доранд, ки дар интихобот Тихановская баранда шудааст ва истеъфои Лукашенкоро талаб доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.