Эътирози думоҳаи кишоварзони Ҳинд ба хушунат печид

Дар паи ду моҳи эътирозҳои  кишоварзону деҳқонони Ҳинд  алайҳи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ рӯзи 27-уми январ шаҳри Деҳлӣ таҳти чораҳои шадиди амниятӣ гирифта шуд. Дар ин рӯз ҳазорҳо кишоварзон бо ходимони полис вориди даргирӣ шуданд. Дар задухӯрдҳо як эътирозгар кушта ва даҳҳо ходими полис маҷрӯҳ шуданд. Раҳбарони эътирозҳо бархе афроди хушунатпешаро дар сар задани ин ҳодиса гунаҳгор карда гуфтанд, ки раҳпаймоии эътирозии худро идома медиҳанд. Аз моҳи ноябр ба ин сӯ даҳҳо ҳазор кишоварзон даст ба эътироз зада мегӯянд, ки бо ислоҳоти низоми кишоварзӣ розӣ нестанд.  Ҳукумат гуфт, ки ислоҳот ба либерализатсияи соҳа, сабук кардани қоидаҳои фурӯши маҳсулот, нархгузорӣ ва захираи маҳсулоти истеҳсолшуда ба хотири ҳимоят аз манфиатҳои кишоварзон равона шудааст. Вале кишоварзон тарс доранд, ки қонунҳои нав онҳоро дар муқобили ширкатҳои хусусӣ заъфпазир мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.