Эътирози модарони серфарзанд дар Қазоқистон

Беш аз даҳ модари серфарзанд ва дорои кудаки маъюб рӯзи 26-уми май дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон бо талаби ҳалли мушкили манзили зист ва таъйини кумакпулӣ дар ҳаҷми 42 500 танга (ҳудуди 100 доллар) даст ба эътироз заданд.

Эътирозгарон нахуст дар назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон ҷамъ шуда, талаб карданд, ки вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии он кишвар ба назди онҳо барояд.

“Мо талаб дорем, ки хонаводаҳои серфарзанд аз ҳисоби бунёди манзил бо хона таъмин шаванд. Моро ба бонки “Отаси бонк” нафиристед. Ду фоизи солона осон нест ва хонаводаи серфарзанд бо 15 миллион танга чи гуна хона харида метавонад? Бигузор, ба ин пул як хонаи чор ё панҷҳуҷрагӣ диҳанд, мо пулашро қисм-қисм медиҳем”, – гуфт яке аз таҷаммуъгарон Гулзода Абдураҳмонова.

Эътирозгарон ҳамчунин ба ҳаҷми қарзи давлатии хориҷии Қазоқистон норозигӣ баён карда, даъват карданд, ки пулҳо “аз минтақаҳои оффшорӣ бозпас оварда шавад. Ба ҳисоби Бонки миллии Қазоқистон, ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар то 1 октябри соли гузашта ба 160,9 миллиард доллар расидааст.

Рафти гирдиҳамоиро кормандони пулис назорат мекарданд. Бо вуҷуди беш аз як соат истодани занон дар назди вазорат, вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Қазоқистон ба назди онҳо набаромад. Танҳо як намояндаи вазорат баромада, ба эътирозгарон гуфт, ҳалли мушкили манзил дар салоҳияти ин ниҳод нест.

Дар натиҷа занони норозӣ ба самти бинои маъмурияти президенти Қазоқистон равон шуданд, вале кормандони пулис пеши роҳи онҳоро гирифтанд. Ба ҳисоби Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон, дар он кишвар 440 ҳазор оилаи серфарзанд ба қайд гирифта шудааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.