“Facebook” шабонарӯзӣ миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунад

Бунёдгузори шабакаи иҷтимоии Фейсбук Марк Сукерберг гуфт, маъмурияти шабака ҳамарӯза беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинеро пок мекунад, ки барои пешбурди маъракаҳои сиёсии ҳукуматҳои гуногун боз шудаанд.

“Дар ҳоли ҳозир мо рӯзона беш аз 1 миллион саҳифаи дурӯғинро пок мекунем. Дурӯғин будани бештари ин саҳифаҳо ҳамагӣ баъд аз чанд соати боз шуданашон маълум мешавад. Аксари онҳо ба ниҳодҳои давлатие рабт надоранд, ки мехоҳанд ба интихобот таъсир расонанд. Вале бидуни шак, баъзе аз онҳо як қисми маъракаи ҳукуматҳоянд”, – изҳор дошт Сукерберг дар як конфронси байналмилалӣ дар Мюнхен.

Ба гуфтаи ӯ, Фейсбук пас аз моҷарои марбут ба интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 сиёсати пайгирии фаъолияти корбаронро тағйир дод. Он замон Русияро айбдор карданд, ки бо роҳандозии маъракаи иттилоотӣ, аз ҷумла дар “Фейсбук” ба президент Доналд Трамп мусоидат кард, баранда шавад.

Сукерберг ҳамчунин пештар гуфта буд, ки “Фейсбук” аз соли 2016 сиёсати ҷойгир кардани эълонҳоро тағйир додааст. Ҳар нафаре, ки мехоҳад, эълони сиёсӣ ҷойгир кунад, бояд нахуст иҷозат гирифта, маҳалли будубош ва маълумоти шахсии худро тасдиқ кунад. Дар натиҷа корбарон низ хоҳанд дид, ки эълонро кӣ фармоиш додааст.

Маъмурияти “Фейсбук” борҳо саҳифаҳоеро пок кардаанд, ки ба гуруҳи русии ба истилоҳ, “Оҷонси интернетии таҳқиқотӣ” рабт доранд. Ин гуруҳ бо номи “фабрикаи троллҳо” низ маълум аст. Маҳз фаъолияти он дар доираи парвандаи дахолат ба интихоботи президентии ИМА тафтиш мешуд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.