Фаъолони “Гурӯҳи 24” аз Русия дар бораи дар куҷо будани Шобудин Бадалов маълумот хостаанд

Фаъолони созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” дар назди бинои сафорати Русия дар Олмону Бритониё тазоҳурот кардаанд. Тазоҳурот рӯзҳои 24 ва 28-уми сентябр баргузор шуд.

Мегӯянд, аз қазияи, ба иддаои онҳо, рабуда шудани фаъоли гуруҳ Шобудин Бадалов дар Русия ва эҳтимоли ба дасти мақомоти Тоҷикистон супурда шудани ӯ нигаронанд.

Дафтари матбуоти “Гуруҳи 24” дар изҳороте гуфт, Шобудин Бадалов дар Русия ҳаққи паноҳандагӣ дошт, вале ӯро рӯзи 1-уми сентябр дар шаҳри Нижний Новгород дастгир кардаву ба самти номаълум бурдаанд.

Пештар масъулони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон истирдод шудани Шобудин Бадаловро аз Русия ба Душанбе рад карда буданд. Ниҳодҳои дигари қудратии Тоҷикистон дар бораи қазияи ӯ то ҳанӯз изҳори назар накардаанд.

Маълум нест, ӯ дар ҳудуди Русия аст, ё ба Тоҷикистон оварда шудааст. Мақомоти Русия дар ин замина расман чизе намегӯянд.

“Гурӯҳи 24” мегӯяд, бори аввал нест, ки аъзову тарафдоронаш дар ҳудуди Русия дастгир ва бархе аз онҳо ба ҷониби Тоҷикистон супурда шудаанд. Дар ин миён сарнавишти Эҳсон Одинаев, ки соли 2015 дар шаҳри Санкт-Петербург дастгир шудааст, то ҳанӯз номаълум аст.

Бори дувум аст, ки Шобудин Бадалов, намояндаи “Гуруҳи 24” дар Русия боздошт мешавад. Пеш аз ин моҳи июни имсол ӯро баъд аз пикети эътирозӣ дар ҷараёни сафари раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав дастгир ва ба 15 рӯз ҳабс маҳкум карда буданд.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнуъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.