Фармондеҳи амрикоӣ дар мавриди хатари сар задани ҷанги дохилӣ дар Афғонистон ҳушдор дод

Фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон аз сар задани ҷанги дохилӣ дар ин кишвар ҳушдор дод. Генерал Скот Миллер ҳамзамон таъкид кард, ки тарафҳои ҷанг дар Афғонистон бояд роҳи ҳалли сиёсиро биҷӯянд ва хушунатро коҳиш диҳанд.

Ин генерали амрикоӣ рӯзи сешанбеи 29-уми июн зимни нишасти хабарӣ дар Кобул ба пурсиши хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи чигунагии идомаи ҳамлаҳои ҳавоӣ ба Толибон гуфт, ки агар Толибон мехоҳанд ҳамлаҳои ҳавоӣ бар онҳо сурат нагиранд, бояд амалиётҳояшонро қатъ кунанд.

Ӯ гуфт, “дар созиши Толибон ва Амрико навишта шудааст, ки нерӯҳои эътилоф ва Амрико метавонанд аз нерӯҳои амниятии афғон пуштибонӣ кунад ва агар ниёз бошад ва мавриди ҳуҷум қарор гиранд, аз онҳо онҳо дифъ кунанд. Ман ба Толибон гуфтаам, беҳтарин роҳаш ин аст, ки амалиётҳоятонро поён бахшед ва ҳамлаҳои ҳавоӣ дигар анҷом нахоҳад шуд”.

Генерал Скот Миллер вазъияти амниятии кунунӣ ва аз даст рафтани ноҳияҳо дар минтақаҳои гуногуни Афғонистонро нигаронкунанда хонд ва гуфт, ки даст ба даст шудани пайиҳами минтақаҳо дар кишвар, ҷанбаҳои низомӣ ва равоншиносӣ дорад. Ӯ афзуд, раҳбарони нерӯҳои амниятӣ ва дифоии Афғонистон дар талошанд вазъро назорат кунанд. 

Ин дар ҳоле аст, ки дар як моҳи ахир Толибон дар ҳамлаҳои густурда шуморе аз ноҳия ё вулусволиҳоро ба тасарруфи худ дароварданд, аммо ниҳодҳои амниятии Афғонистон вогузории минтақаҳоро “ақибнишинии тактикӣ” гуфтанд.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи гурӯҳи Толибор дар вокуниш ба ин гуфтаҳои генерал Скот Миллер ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Амрико бо ба таъхир андохтани хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон, мухолифи созишномаи Қатарро амал кард ва низ ҳаққи роҳандозии ҳеҷ гуна ҳамла ба ин гурӯҳро надорад ва дар сурати идомаи ҳамлаҳо, мунтазири вокуниши сангини ҷанҷӯёни ин гурӯҳ бошад.

Бо ин ҳол, генерал Миллер бо ишора ба хезишҳои мардумӣ дар бахшҳое аз Афғонистон барои муқобила бо Толибон мегӯяд, ки ҳукумати Афғонистон бояд дар истифода аз ин нерӯҳо аз эҳтиёт кор бигирад. 

Генерал Скот Миллер мегӯяд, ӯ ба зудӣ ва пеш аз поёни комили раванди берун шудани нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон, масъулияташро ба фармондеҳи дигар дар Афғонистон интиқол хоҳад дод, аммо ӯ аз замони дақиқи он чизе нагуфт. Мюллер дар ҳоли ҳозир масъулияти берун шудани нерӯҳои амрикоиро аз Афғонистон бар ӯҳда дорад.

Бар асоси созиши Амрико ва Толибон дар Қатар дар рӯзи 29-уми феврали соли 2020, қарор буд раванди берун шудани нерӯҳои амрикоӣ ва хориҷӣ дар аввали моҳи майи имсол поён ёбад, аммо бо тасмими Ҷо Байден, раиси ҷумҳури ИМА ин кор то ёздаҳуми сентябр ба таъхир афтод. Ҳамакнун дар Афғонистон хушунатҳо афзоиш ёфтааст ва нигарониҳоеро дар бораи ояндаи ин кишвар ба миён овардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.