Фаронса гуфт, ҳукумати Толибонро эътироф нахоҳад кард

Толибон дурӯғ мегӯянд ва Фаронса бо ҳукумати онҳо ягон робита доштан намехоҳад. Чунин гуфт вазири умури хориҷии Фаронса Жан-Ив Ле Дриан, ки Толибонро ба иҷро накардани ваъдаашон ба бунёди ҳукумати ҳамашумул ва роҳ додан ба баромадани хориҷиён ва афғонҳои хоҳишманд аз Афғонистон гунаҳкор кард.

“Онҳо гуфтанд, ки ба баъзе хориҷиён ва афғонҳо иҷоза медиҳанд, ки озодона кишварро тарк кунанд ва аз ҳукумати фарогир ва намояндадор гуфтанд, аммо онҳо дурӯғгӯ будаанд”,– изҳор дошт Ле Дриан дар мусоҳибааш бо телевизиони France-5.

“Фаронса аз эътироф кардани ҳукумати онҳо ё доштани ҳама гуна муносибат бо ин ҳукумат худдорӣ мекунад. Мо аз Толибон амал мехоҳем ва онҳо ба фазое барои нафаси иқтисодӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ниёз доранд. Ин интихоби худашон аст”,– афзуд вазири умури хориҷии Фаронса.

Париж тақрибан 3 000 нафарро аз Афғонистон кӯчонд ва бо Толибон гуфтугӯҳои фаннӣ анҷом дод, то ин хуруҷро таъмин кунад. Аммо дар Афғонистон ҳанӯз чанд шаҳрванди Фаронса ва садҳо афғони вобаста ба Фаронса боқӣ мондаанд.

Пеш аз Фаронса танҳо Тоҷикистон эълом дошта буд, ки ҳукумати толибҳоро эътироф нахоҳад кард. Душанбе аз толибҳо хост, ақаллиятҳои қавмӣ, махсусан тоҷикон дар ҳукумати нав ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд ва ҳуқуқи онҳо эҳтиром карда шавад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.