Фаронса паноҳҷӯи сиёсии чечентаборро ба Русия таслим кард

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Мақомоти Фаронса Магомед Гадаевро, ки соли 2010 аз Чеченистон ба Иттиҳоди Аврупо фирор карда буд, ба Русия ихроҷ кардаанд. 

  • Ба навиштаи расонаҳои зиёди урупоӣ ва созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар  Гадаевро соли 2010 дар Русия рабудаанд ва дар пойгоҳи ОМОНИ Чеченистон ҳудуди панҷ моҳ нигоҳ доштаанд. Баъди фирор аз Русия ӯ дар додгоҳи Фаронса исбот кардааст, ки ӯро дар ҳабс шиканҷа кардаанд.
  • Аммо моҳи октябри соли 2020 вай “замони таваҷҷӯҳи махсуси полис ба мардуми Қафқоз пас аз куштори омӯзгор Самуэл Пати” боздошт ва ба урдугоҳи ихроҷ фиристода шудааст. Ӯ дар урдугоҳ ба вируси куруно мубтало шудааст, ки боиси мавқуф шудани ихроҷаш гаштааст.
  • Ба навиштаи “Кавказ Реалии” адвокат Арно Тулуза, ки манфиатҳои Гадаевро дар Фаронса ҳимоя мекард, ба ин парванда ҳамроҳ шуда, исбот карданӣ шуда, ки баргаштан ба Русия барои шахси зерҳимояаш хатарнок аст.
  • Мақомоти Фаронса истирдоди Гадаевро ба Лаҳистон, ки аз онҷо ба Фаронса омада будааст, баррасӣ кардаанд, аммо, маълум шуд, ки дар Лаҳистон мақоми паноҳандагии ӯ аллакай бекор  шудааст.
  • Дар натиҷа, суд, қарор кард, ки агар то охири моҳи апрел мақомоти муҳоҷирати Лаҳистон барои ҳимояи Гадаев дар қаламрави худ ва ба Русия барнагардонидани ӯ кафолат надиҳанд, мурофиаи нав оиди ба ӯ дар Фаронса додани паноҳгоҳи сиёсӣ баррасӣ мегардад.
  • Аммо, рӯзи 8 апрел, Гадаев, ки ба идораи пулис рафта буд, боздошт шуд ва рӯзи дигар ба Русия ихроҷ шудааст.  Ба гуфтаи ҳамсари Гадаев, қарори суд дар бораи манъи ихроҷ мавҷуд аст, аммо полиси Фаронса дар такя ба фармони  вазири корҳои дохилӣ ба ихроҷ даст задаанд.
  • Дар Русия Гадаев шоҳиди парвандаи ҷиноии шиканҷа ва сӯиистифода аз қудрат аз ҷониби кормандони полиси Чеченистон мебошад. Ин парванда бо сабаби рабуда шудани як сокини Грозний аз ҷониби пулис оғоз шудааст. Вай то моҳи апрели соли 2010 дар пойгоҳи ОМОНИ Чеченистон нигаҳдорӣ мешуд. Мақомоти Чеченистон ӯро дар иртибот бо ҷангиён гумонбар медонистанд.
  • Субҳи 10 апрел ду чечен ба назди хешовандони Гадаев дар Нови Уренгой омаданд. Пас аз дидор бо онҳо, хабар медиҳад “Новая газета”, хешовандон ба Гадаев бо дархости ихтиёран ба Чеченистон баргаштан ва “таслим шудан ба раҳмати” Рамзан Қодиров муроҷиат кардаанд.
  • Худи Гадаев ва адвокати ӯ дар даромадгоҳи хона дар Нови Уренгой, ки онҳо дар он ҷо истиқомат доштанд, назоратро пайдо карданд ва бо дархости ба идораи полис бурдани онҳо ва ҳифзи давлат ба полис муроҷиат карданд. Аммо, пас аз зӯҳри 11 апрел, маълум шуд, ки Гадаев ба пулисҳое супорида шудааст, ки аз Чеченистон омадаанд. Тақдири баъдии ӯ маълум нест.
  • Созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи башар ин қазияро даст кашидани ҳукумати феълии Фаронса аз арзишҳои бунёдии Иттиҳоди Аврупо медонанд.
  • Маврид ба зикр аст, ки ҳамчунин иттифоқ бо ҳамсари сиёсатмадори мухолифи қазоқ Мухтар Аблязов дар Итолиё низ ҷо уфтода буд, ки дертар боиси ба маҳкама кашидани шудани маъмурони пулиси Итолиё  гашт.

The post Фаронса паноҳҷӯи сиёсии чечентаборро ба Русия таслим кард appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.