Фаврӣ: Далер Шарипов дар зиндон аз дарди қафаси сина ва нафастангӣ азият мекашад

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Вазъи саломатии рӯзноманигор Далер Шарипов дар зиндон бад шудаасту волидонаш аз мақомот талаб кардаанд, то фарзандашонро бистарӣ кунанд. Ӯ ба додгоҳи зинаи болоӣ муроҷиат накардааст. 

  • Як узви ин хонавода дар сӯҳбат бо МедиаМаркер гуфт, ки номбурда тайи ду рӯзи ахир  аз дарди қафаси сина  азият мекашад. Ӯ афзуд, ки саломатии Далер дар зиндон бад шудааст ва волидайнаш барои бистарӣ кардани фарзандашон ба мақомот муроҷиати хаттӣ кардаанд, то писарашонро худашон табобат кунанд.
  • Ин иттилоъро наздикони дигари Далер Шарипов, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, тасдиқ карданд. Ба гуфтаи яке аз онҳо,  “Иттилоъ ҳақиқат дорад. Далер айнан чунин шикоят кардааст, ки чанд рӯз боз дилам сахт ғам медиҳаду ду рӯзи охир нафасам танг мешавад”.  Ба гуфтаи наздикон, Далер ҳамчунин изҳори омодагӣ накардааст, ки ба зинаи болоии додгоҳ шикоят барад, зеро  “на барои адвокат маблағ дораду на ба адолати судӣ дар Тоҷикистон бовар мекунад”.
  • То лаҳзаи чопи хабар ба мо муяссар нашуд, ки назари масъулинро дар ин бораи вазъи саломатии рӯзноманигори зиндонӣ дастрас кунем. Ҳомиёни ҳуқуқ аз Душанбе, ки вориди ин қазия буданд, дар бораи мавҷудияти ариза ба додгоҳ изҳори беиттилоӣ карданд. Ба гуфтаи наздикони Далер Шарипов, ҳукми додгоҳи зинаи аввал то ҳол ба онҳо дастрас нашудааст.
  • Ёдовар мешавем, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми апрели соли равон рӯзноманигори тоҷик Далер Шариповро бо ҷурми “ифротгароӣ” ва “барангехтани кинаву адовати миллӣ” барои як сол равонаи зиндон карда буд. Мақомот Далерро барои иқтибос овардан дар китоби ҳанӯз чопношудаи “Муҳаммад (с) ва терроризм” аз манобеъи дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор донистанд. Ӯ дар як навор, ки пас аз мурофиа аз ҷониби мақомот гирифта шудааст, иқтибос оварданашро амали “иштибоҳ” хонд, аммо ба гуноҳе иқрор накард.
  • Далер Шарипов санаи 28-уми январи соли ҷорӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ) дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе боздошт шуда, 30-юми январ бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои ду  моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифта шуд.
  • Бо боздошти Далер Шарипов чандин созмонҳои рӯзноманигорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ изҳорот пахш кардаву кори мақомоти Тоҷикистонро берун аз доираи қавонини байналмилалӣ арзёбӣ карданд.
  • Кунгураи урупоии рӯзноманигорон ва блогнависони тоҷик дар изҳороташ амали мақомотро “ғайриқонунӣ ва беадолатона” хонда, маъракаи талаби раҳоии Далер Шариповро  бо унвони #FreeDaler  роҳандозӣ кард.
  •  Ҳамчунин чандин созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Авфи Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон ва Кумитаи Норвежии Ҳелсинки  аз Тоҷикистон талаби фавран озод кардани Далер Шарипов шуданд. Аммо ин ҳама изҳоротро мақомоти тоҷик нодида гирифта, рӯзноманигорро бо ҷурми “ифротгароӣ” равонаи зиндон карданд.

The post Фаврӣ: Далер Шарипов дар зиндон аз дарди қафаси сина ва нафастангӣ азият мекашад appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.