Фавти 72 кас аз COVID-19 дар Тоҷикистон. Шумори беморон ба 9 ҳазор наздик шуд

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 10-уми сентябр гуфт, ки дар ду рӯзи ахир ду каси дигар аз коронавируси нав ҷон бохтаанд ва талафот аз COVID-19 дар кишвар ба 72 нафар расид.

Айни замон вазорат гуфтааст, дар 24 соати гузашта дар Тоҷикистон 40 мавриди нави сирояти бемории COVID-19-ро сабт кардааст.

Дар умум, ба иттилои расмӣ, аз 30-юми апрел то 10-уми сентябр коронавируси нав дар саросари кишвар ба 8939 нафар сироят кардааст. Беш аз 86 дар сади онҳо ё 7714  нафар аз чанги ин беморӣ раҳо шудаанд.

Зиёда аз 100 нафари дигар дар шифохонаҳои Тоҷикистон бо аломатҳои бемории COVID-19 зери назорати табибон қарор доранд ва муолиҷа мегиранд.

Бисёре аз мутахассисон мегӯянд, омори расмии мақомот миқёси воқеии сирояти беморӣ ва талафот дар Тоҷикистонро нишон намедиҳад ва теъдоди беморону фавтидагон бештар аз он аст, ки вазорати тандурустӣ мегӯяд.

Муассисаҳои байналмилалӣ мегӯянд, заъфи мақомоти тандурустӣ дар озмоиши васеъ аз беморӣ метавонад, як сабаби кам будани омори гирифторону талафот бошад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.