FBI ҳуҷҷатеро, ки аз иртиботи Саъудӣ бо омилони ҳамлаи 11-уми сентябр шаҳодат медиҳад, нашр кард

Дар санаде, ки аз ахиран FBI- Хадамоти ҷосусии Амрико нашр кард, дар бораи таҳқиқоти муфаттишони ин ниҳод дар бораи иртиботи рабояндагони ҳавопаймо бо одамони Саъудӣ дар ИМА қабл аз ҳамлаи террористии 11-уми сентбяр маълумоти муфассал дода шудааст.

Дар ин ҳуҷҷат, гуфта мешавад, ки корманди консулгарӣ ва ҷосуси Арабистони Саъудӣ ҳади ақал ба ду нафар аз онҳое, ки ҳавопаймоҳоро рӯзи 11-уми сентбяри соли 2001 рабуданд, эҳтимол кумаки фаниву лоҷистикӣ расониданд.

Ин санад шоми рӯзи 11-уми сентябр нашр шуд ва нахустин ҳуҷҷате мебошад, ки пас аз дастури президент Ҷо Байден нашр шуд. Ӯ ҳафтаи гузашта ба Вазорати адлияи Амрико амр кард, сандаҳои FBI-ро дар робита ба ҳамалаҳои террористии 1-уми сентябр омӯзад ва дар давоми 6 моҳи оянда онро нашр кунад.

Санади 16 саҳифаӣ, ки соли 2016 таҳия шудааст баъди он нашр шуд, ки президент Ҷо Байден дар маросими ёбуди қурбониёни ҳамалаи 20 соли пеш дар Ню-Йорк ва Пенсилвания бо маснабдорони баландпоя ва раисҷумҳурони собиқ ширкат варзид.

Дар ин санад, ки хеле аз нуктаҳояш таҳрир шуда аст, ба тафсил дар бораи робитаҳои ба такрори ҷосуси Арабистони Саъудӣ бо ҳамлаварон аз қавли шоҳидон нақл шудааст. Ҳукумати Арабистони Саъудӣ борҳо иртиботи худро ба ҳамалаҳои террористӣ рад карда буд ва ин санад исбот намекунад, ки Арабистони Саъудӣ дар тарҳрезии ҳамла ширкат дошт.            

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.