Фейсбук “Ман Хуҷандро дӯст медорам”- ро баст. “Дугоникаш” дирӯз фаъол шуд

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

 Фаъолияти гурӯҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” дар Фейсбук масдуд шуд. Дар муддати як моҳ  маълум мешавад, ки гуруҳ дубора фаъол мешавад ё барҳам мехӯрад. 

 

  •  Фейсбук фаъолияти гурӯҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам”- ро, ки 10 сол пеш аз ҷониби Манзура Маҳкамова, масъули вақти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъсис шуда буд, масдуд кардааст. Ин гуруҳ беш ҳудуди 70 ҳазор аъзо дошта, маъмуронаш аз сиёсат дурӣ меҷӯстанд.
  •  Гардонандагони ин гурӯҳ Маъмури Юсуфзод ба Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кардааст, ки  шабакаи иҷтимоии Фейсбук  гурӯҳро ба далели нақзи меъёрҳои ҷомеъаи Фейсбук” масдуд кард ва гурӯҳ то як моҳи дигар баста хоҳад буд.
  • Ба иттилои ӯ, шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки   мо “иҷоза намедиҳем,  тавассути шабака чунин воситаҳо аз қабили ниқобҳои тиббӣ, маҳлулҳои зиддиуфунӣ ва тестҳо таблиғ ва фурӯхта шаванд. Чунин меъёрҳои Фейсбук  бояд дар саросари ҷаҳон татбиқ шаванд”.
  • Маъмури Юсуфзод мегӯяд, ки “тавассути ин шабака мо борҳо мушкилоти мардум, аз қабили мушкили роҳ, барқ, об ва ғайраро ҳал кардаем. Мо ба маъмурияти Фейсбук дар ин бора навиштем ва ҷавоб гирифтем, ки дархости моро то 2 декабр баррасӣ хоҳанд кард. Он гоҳ маълум мешавад, ки гурӯҳ барқарор мешавад ё на. Парешон кардани як ҷамоати 70 ҳазор нафарӣ кори сода нест, умедворем, ки мудирияти Фейсбук моро дарк мекунанд”.
  • Бояд гуфт, ки пешниҳоди ин ё он молу хизматрасонии маҳаллӣ ва гоҳе ҳам молу колоҳои хориҷӣ дар ин гуруҳ аз сӯи маъмурон таҷриба мешуд. Дар ин миён молҳои мавриди ниёз дар рӯзгори куруноӣ, ки дар вилояти Суғд ваҳимтар ба назар мерасад, низ буданд. Қазияи “тумори зидди коронавирус”, ки дар вилоят ҷой дошт боиси нигаронии мақомот ва мардуми огоҳ гашт.
  • Маъмурони гуруҳ,  бо шумули Манзура Маҳкамова ҳанӯз дар ин бора изҳори назар накардаанд, аммо шуруъ аз дирӯз, 3-юми нобяр баъзе аз онҳо ба таҳияи гуруҳи нав бо ҳамон ном оғоз карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки таҷрибаи сохтани “гуруҳҳои дугоник” аз сӯи Фейсбук истиқбол намешавад.
  • Маврид ба зикр аст, ки Фейсбук – яке аз маъруфтарин шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳон аст, ки баъди барҳам задани расонаҳои мустақили тоҷикӣ дар солҳои 2015-2016 ба манбаъи аслии иттилоот ва майдони баҳсу баррасиҳои тоҷикон дар масоили гуногун табдил ёфтааст.

The post Фейсбук “Ман Хуҷандро дӯст медорам”- ро баст. “Дугоникаш” дирӯз фаъол шуд appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.