Фейсбук ва StopFake дурӯғи ФСБ-ро фош карданд

Шабакаи иҷтимоии Facebook матолиби як гуруҳ расонаҳои Русия бо шумули ТАСС, РБК, RT, RIA Novosti, Sputnik ва НТВ-ро дар бораи боздошти “укроиниҳои ифротӣ” дар Воронежи Русия масдуд кард.

  • Дар ин бора чанде аз расонаҳои зикршуда иттилоъ додаанд, ки ҳамзамон ба Роскомнадзор- маъмури танзими давлатии муҳити расонаии ин кишвар низ шикоят бурдаанд.
  • Ин матолиб рӯзи 18 феврал нашр шудаанд ва бар як иттилоъияи расмии ФСБ асос ёфтаанд. Шабакаи иҷтимоӣ ин маводро  ҳамчун “дурӯғ” нишоназанӣ кардааст.
  • Дар ин матолиб гуфта мешавад, ки ФСБ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи тафтишотии Русия дар шаҳри Воронежи Русия афроди мутааллиқ ба ҳаракати ифротгароёни укроинии “МКУ” (Маньяки. Культ убийц) – ро боздошт кардаанд.

  • Аммо таҳқиқи StopFake, ки пудратчии ҷамъиятии Фейсбук мебошад, собит сохтааст, ки дар Воронеж воқеан се сокини маҳаллӣ бо иттиҳоми ифротгароӣ боздошт шуданд, аммо ҳамаи айбдоршавандагон дар парванда шаҳрвандони Федератсияи Русия буда, узви як созмони миллатгарои рус ҳастанд ва бо Укроин ҳеҷ иртиботе надоранд, аммо ФСБ дониста дурӯғ паҳн мекунад.
  • StopFake бо овардани маълумот ва аксҳои ашхоси боздоштшудаву иқтибос аз ёрони онҳо собит кардааст, ки боздоштшудаҳо ба Укроин ҳич пайванде надоранд, балки миллатгароёни рус мебошанд.

  • Падари яке аз боздоштшудаҳо Александр Симонови 33 -сола ба StopFake гуфтааст, ки писари ӯ ва ёронаш ҳиҷ иртиботе бо Укроин надоранд, балки дар деворе “Чурки пошли вон!” навиштаву миллати дигареро ба масхара кашидаанд, аммо мақомот аз онҳо ифротгаро месозанду ба Укроин рабт додан доранд.
  • Бояд гуфт, ки созмонҳои украинии VoxCheck ва StopFake як пудратчиёни Фейсбук мебошанд, ки бар асоси қарордод бо шабакаи иҷтимоӣ маводҳои расонаҳо ва корбаронро ростиозмоӣ карда, нишоназанӣ мекунанд.
  • Расонаҳои Русия бар онанд, ки маводи онҳо набояд ҳамчун “дурӯғ” ё фейк  нишоназанӣ шаванд, чун онҳо маълумоти расмиро пахш кардаанд, аммо ин идао зидди аслҳои рӯзноманигорӣ ва шарту шароити истифода аз Фейсбук мебошад.
  •  Мавриди зикр аст, ки шуруъ аз соли 2016 Фейсбук зидди хабарҳои кизбӣ ё фейк ба мубориза оғоз карда, низоми хосеро роҳандозӣ кард, ки тибқи он созмонҳои ҷамъиятии интихобшуда матолиби шубҳанокро мавриди ростиозмоӣ қарор дода, нишоназанӣ мекунанду Фейсбук ин нишон ё маркерҳоро зери матолиб нишон дода, гуруҳе аз онҳоро масдуд низ мекунад. Мутаасифона, дар бахши тоҷикии Фейсбук айни ҳол чунин хадамот фаъол нест.

MediaMarker

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.