ФФТ як бозигари “Хуҷанд”-ро аз 3 бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кард

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон як бозингари дастаи “Хуҷанд”-ро барои “суханони қабеҳ ва таҳқиркунанда”, аз се бозӣ маҳрум ва 500 сомонӣ ҷарима кардааст.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниммуҳофизи ин даста Нозим Бобоҷонов дар бозии Coca-Cola – чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Файзканд”-и Восеъ аз ҳукми доварон норозигӣ карда, ҳакамон ва дигар афроди расмӣ дар ин вохӯриро суханҳои қабеҳ гуфтааст.

Ин бозӣ рӯзи 2-юми июн дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар Хуҷанд баргузор шудааст.

Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин Абдухалил Боронов — бозигари дастаи “Файзканд”-ро аз ҳаққи иштирок дар 2 бозӣ маҳрум карда, 250 сомонӣ ҷарима бастааст. 

Назари Нозим Бобоҷонов ва Абдухалил Боронов дар нисбати ин қарори Кумитаи назорати интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳанӯз маълум нест.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.