Фош кардани ному насаби ноболиғ ва ҷабрдидаҳо аз Вахш

  • Манобеи молӣ: Ҳисоботи молӣ нашр намекунад 

Маводи таҳқиқшаванда

Вахш: хонандаи синфи 5 худкушӣ кард

MediaMarker

Нашрияи “Фараж” аз худкушии як хонандаи синфи 5 дар ноҳияи Вахш хабар медиҳад, ки дар назар матлаби муқаррарӣ аст, аммо ростиозмоии он собит кард, ки:

  • Манбаъи хабар мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Вахш Сайфиддин Валиев  исму насаби ноболиғро пурра овардааст, амалӣ ғайриқонунӣ мебошад. Фош кардани исму насаби ноболиғон  бе иҷозати волидон ё  онҳо намояндаи қонунии онҳо қатъиян манъ аст. Дар низоми маориф инро аксарият медонанд.
  • Нашрия ҳам бо овардани ин иттилоъ шахсияти ноболиғро фош кардааст, ки бархилофи талаботи банди 4 моддаи 26 Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 10  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” мебошад.
  • Мансабдор зимни пешниҳоди иттилоъ аз тахмину гумон кор гирифта, ҳодисаи марги ноболиғро “худкушӣ” номидааст, аммо назари мақомоти тафтишотӣ дар ин бора вуҷуд надорад. Ин амал
    хилофи талаботи моддаи 29  Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 4 “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст.
  • Расона ҳамчунин бо овардани маълумот:“волидони ин хонанда худ муаллим буда, модараш роҳбари синфашон будааст” шахсияти ҷабрдидаҳоро барои як гуруҳи муайяни хонандавук корбарон маълум кардааст, ки зидди талаботи  Қонуни ҶТ “Оид ба матбуоти даврӣ  ва дигар воситаҳои ахбори омма” ва банди 10  “Меъёрҳои ахлоқии фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон” аст.
  • Бо аҳдофи оинномавии раҳнамоии рӯзноманигорон ва вебнависон ба рӯзноманигории бомасъулият  МедиаМаркер аз муаллифи хабар Раҳмоналӣ Додархӯҷаев ва муҳаррири “Фараж” хоҳиш мекунад, ки ба баъд зимни таҳияи инчунин мавод аз эҳтиёт кор бигиранд.

The post Фош кардани ному насаби ноболиғ ва ҷабрдидаҳо аз Вахш appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.