Фошкории сомонаи президенти Тоҷикистон дар бораи Саймумин Ятимов

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Бо фармони нави Президенти Тоҷикистон  Саймумин Ятимов аз нав раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар (КДАМ) таъин шуд. Пас аз ин тағйирот дафтари матбуоти президент  тарҷумаи ҳоли Саймумин Ятимовро нашр кард. То истеъфои ҳайати ҳукумат баъди савгандёдкунии президент тарҷумаи ҳоли раиси 65-солаи кумита дар нашрияи “Азия плюс” нашр шуда буд. МедиаМаркер маълум кард, ки дар тарҷумаи ҳоли нави раиси КДАМ аз то кулли матнщои то ин дам нашршуда фарқ мекунад.

  • Дар зиндагиномаи нави раиси КДАМ, генерал-полковник Саймумин Сатторович Ятимов  таҳсили яксолаи ӯ (соли 1980) дар шаҳри Мински Беларус ҳамчун донишомӯзи курсҳои олии КГБ СССР гуфта мешавад, ки пеш чунин маълумот нашр нагашта буд.
  • Солҳои 1981-1985 ҳамчун корманди оперативӣ, корманди калони оперативии идораи КАД Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғи ВМКБ фаъолият кардани Ятимов низ маълумоти нав аст, ки дар ягон манбаъи дигар мавҷуд нест.
  • Ҳамчунин фаъолиятҳои номбурда тули  1985-1989 ба ҳайси корманди калони оперативии дастгоҳи марказии КАД-и Тоҷикистон,  1989-1991 ба ҳайси муовини сардори шӯъбаи КГБ-и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва 1991-1992 ҳамчун сардори шӯъбаи КАД  дар ноҳияи Шурообод дар тарҷумаи ҳоли қаблӣ мавҷуд набуданд.
  • Ин ҳама дар ҳоле, ки тибқи зиндагиномаи қаблӣ Саймумин Ятимов солҳои 1980-1992, яъне муддати 12 сол мудири шуъбаи Кумитаи иҷроияи ноҳияи Фархор будааст. Ин маълумотро хабаргузориҳои  “Азия плюс” , “Тоҷнюс” ва ҳамчунин пойгоҳи “Википедия” тасдиқ мекунанд.
  • Сомонаи президенти Тоҷикистон номбурдаро солҳои 1992-1994 чун сардори шӯъбаи КАМ ҶТ дар ноҳияи Москва ва солҳои 1994-1996 сардори идораи кадрҳои Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон хондааст, ки дар корномаи пешинаи ӯ вуҷуд надоштанд.
  • Тибқи маълумоти қаблан интишоршуда Саймумин Ятимов тӯли солҳои 1992 – 1996 дар вазифаи сардори шуъбаи ҳукумати вилояти Хатлон кор кардааст.
  • Бинобар маълумоти “Азия плюс” Саймумин Ятимов аз соли 2000 то 2005  муовини Вазири амнияти ҶТ будааст, аммо дар корномаи нав омадааст, ки ӯ солҳои 2000-2002 чун Сардори раёсати Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият карда, аз соли 2002 то 2005 муовини Вазири амнияти ҶТ будааст.
  • Бинобар маълумоти дигари фошкардаи сомонаи президенти Тоҷикистон  Саймумин Ятимов аз моҳи май то 2 -юми сентябри соли 2010, яъне то рӯзи  раиси КДАМ таъин шудан,   муовини раиси ҳамин кумита будааст. Аммо мақомот ва расонаҳо ӯро ҳамчун  Сардори Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмонҳои аврупоӣ муаррифӣ мекарданд.
  • Сабаби нашри ин маълумот пас аз 10 соли раиси КДАМ будани Саймумин Ятимов дар чист, номаълум боқӣ мемонад.

The post Фошкории сомонаи президенти Тоҷикистон дар бораи Саймумин Ятимов appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.