Фошкории версияи “террористӣ” -и мақомоти Белорус

  • Манобеи молӣ: EUCTJ

Ростиозмоии муштараки  се расона собит сохт, ки версияи мақомоти Белорус оиди даст доштани хориҷиён дар қазияи фуруд овардани иҷбории тайёра дар Минск қиссаи бофта аст. Фишурдаи матолиби The Daily Beast и Der Spiegel  ва маркази “Досйе”-ро инҷо бихонед. 

  • Рӯзи 26 май зимни суханронӣ дар парлумони Белорус Александр Лукашенко дар бораи фуруди изтирории тйёраи  ширкати ҳавопаймоии Ryanair, ки дар дохили он собиқ сармуҳаррири телегромконоли  Nexta  Роман Протасевич буд, изҳори назар кард.
  • Лукашенко гуфт, ки паёмро дар бораи истихроҷи канор “Афина, Минск ва Вилнюс дар як замон” гирифтаанду пас аз он ки  (нозирони) диспетчерҳои парвозҳои Беларус иттилоотро дар бораи бомбе, ки гӯё аз хадамоти махсус гирифтаанд, ба халабонони Ryanair интиқол доданд, қарор шуд, ки ҳавопаймо дар Минск фуруд ояд. Барои гусел кардани тайёра як ҷангандаи МиГ-29 -и нерӯи ҳавоии Белорус ба осмон хест.
  • Аммо омӯзиши нусхаи мактубии  “намояндаи ҲАМОС”, ки гӯё  ба фурудгоҳи Минск фиристода шудааст, нишон медиҳад, ки  нозирони ҳаракати ҳавоии Беларус ба халабонони Ryanair дар бораи бомбгузорӣ шудани ҳавопаймо 27 дақиқа пеш аз он, ки худи онҳо паёмро дар бораи бомб гирифтаанд, суҳбат доштаанд.

  • Ба лаҳзашумории ҳаводиси он рӯз таваҷҷуҳ кунед:
  • Рӯзи 23 май, соати 12:25 ба вақти Белорус, ба маъмурияти “Фурудгоҳҳои Литва” мактубе бо таҳдиди таркиши бомба дар ҳавопаймои масири FR4978 тавассути почтаи электронӣ дастрас шуд, ки аз суроғаи ahmed_yurlanov1988@protonmail.com фиристода шудааст. Дар он чунин омадааст: «Мо, сарбозони ҲАМОС, талаб мекунем, ки Исроил оташ дар навори Ғазаро бас кунад. Мо талаб дорем, ки ИА аз дастгирии Исроил дар ин ҷанг даст кашад. Маълум аст, ки иштирокчиёни Форуми иқтисодии Делфӣ рӯзи 23 май бо хатсайри FR4978 ба ватан бармегарданд. Ин ҳавопаймо бомба дорад. Агар шумо талабҳои моро иҷро накунед, бомба рӯзи 23 май дар болои Вилнюс тарконда мешавад. Аллоху Акбар”.
  • Соати 12:30 ҳавопаймо ба ҳарими ҳавоии Белорус ворид шуд. Тавре аз стенограммаи гуфтушуниди диспетчерҳо бо халабонони Ryanair бармеояд, ҳамон лаҳза ҷониби Белорус ба экипаж дар бораи таҳдиди эҳтимолии таркиш хабар дод. Соати 12: 33 нозир ба халабон хабар дод, ки якбора ба якчанд фурудгоҳҳо мактуб бо паём дар бораи бомба фиристода шудааст. Аммо, тавре ки Маркази Досйе дақиқ кард, он замон танҳо Фурудгоҳҳои Литва аз “террористон” мактуб гирифтанду бас.  Идораи ҳавопаймоии шаҳрвандии Юнон эълом дошт, ки  фурудгоҳи Афина номаи таҳдид бо бомб нагирифтааст.
  • Соати 12:47 тайёра самти парвозро  дигар ва ба самти Минск парвоз кард. Дар изҳороти расмии Дирексияи авиатсионии Вазорати нақлиёти Белорус ҷузъиёти вақти гирифтани нома ифшо нашудааст, аммо Досйе дақиқ кард, ки нусхаи мактуби корбар Аҳмад Юрланов ба почтаи электронӣ ё роёнишонии Фурудгоҳи Миллии Минск (info@airport.by) соати 12:57 бо вақти Беларус ворид шудааст, яъне тақрибан баъд ним соати гуфтугӯи нозир бо экипаж.
  • Дар версияи мақомоти Беларус зиддиятҳо зиёданд. ҲАМОС расман иштироки худ дар фиристодани номаро радд кард ва гуфт, ки аз чунин усули мубориза кор намегирад. Талаби бас кардани дастгирии ҷониби Исроилро дар тӯли камтар аз як соат ба душворӣ иҷро кардан мумкин буду дар Ғазза он лаҳзаҳо аллакай оташбас эълон шуда буд.
    Суоли матраҳ ин аст, ки  чӣ гуна хадамоти махсуси Белорус дар бораи мавҷудияти бомб  хабар ёфтанд? Онҳо аз куҷо медонистанд, ки паём ба якчанд фурудгоҳи дигар низ фиристода шудааст?
  • Илова бар ин, зимни суханронии худ Александр Лукашенко гуфт, ки ин паём аз Суис (Швейтсария)  фиристода шудааст. Ба эҳтимоли зиёд, ин амали ӯ аз бесаводии техникии ӯ ё хоҳиши гумроҳ кардани мардуми кишвараш шаҳодат медиҳад.

Почтаи электронӣ аз Protonmail – хадамоти бехатари почтаи электронии  Суис ба қайд гирифташуда фиристода шудааст. Ин паёмҳо сарлавҳа доранд, ки суроғаи IP сервери Protonmail-ро нишон медиҳад (185.70.40.138). Масалан, агар шумо тавассути почтаи электронии худ аз ҳисоби Protonmail ба Gmail муроҷиат кунед (ба акси боло нигаред), он гоҳ суроғаи IP дар сарлавҳаи ин нома бо суроғаи сервери Protonmail дар Суис мувофиқат мекунад (нигаред ба акси поён). Аз ин рӯ, дар сурати фиристодани паёме, ки аз суроғаи ahmed_yurlanov1988@protonmail.com фиристода шудааст, маҳалли ҷойгиршавии корбарро муайян кардан ғайриимкон аст.

The post Фошкории версияи “террористӣ” -и мақомоти Белорус appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.