ФСБ гуфт, гурӯҳе, ки аз тақаллуби санадҳои муҳоҷирон пул меёфт, боздошт шуд

Нерӯҳои  Хадамоти амнияти федералии Русия  ё худ ФСБ гуфтанд, аз фаъолияти гурӯҳе ҷилавгирӣ намуданд, ки  дар вилояти Маскав ва Забайкалйе ба сабтиноми  ғайриқонунии муҳоҷирон машғул буданд. Мақомот мегӯянд,  гурӯҳи мазкур – иборат аз 10 нафар, барои ҳазорҳо муҳоҷирон ҳуҷҷатҳои қалбакӣ таҳия кардаанд. Дар хабарномаи хадамоти ФСБ омадааст, аъзои гурӯҳи боздоштшуда бар ивази маблағ ба таври густурда  санадҳои тақаллубӣ, варақаҳо ва мӯҳрро барои вуруд ва будубоши ғайриқонуни шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави вилояти Маскав тайёр мекардаанд. Тибқи иттилои ниҳоди мазкур, гурӯҳи ҷиноӣ аз ҳисоби фаъолияти ғайриқонунии худ, ҳудуди 2 миллион рубл фоида гирифтааст. Барои ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба боздоштшудаҳо то 7 соли зиндон бо  500 ҳазор рубл ҷарима таҳдид мекунад.   Айни замон, ба муҳоҷироне, ки аз хидмати ингуна афрод истифода мекунанд, муҷозот ва ихроҷ таҳдид мекунад. Аксар муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, бо сабаби надонистани қонунҳову забони русӣ ба дасти қаллобон меафтанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.