ФСБ видеои боздошти гурӯҳеро намоиш дода онҳоро “зодаи ОМ” ва “ҷонибдорони ДИИШ” номид

Хадамоти амнияти федеролии Русия (ФСБ) навори видеоиеро намоиш дод, ки дар он амалиёти вижаи боздошти гурӯҳи ҳафтнафараи мардон дида мешавад. Дар хабари ФСБ гуфта мешавад, ки ин нафарон “шаҳрвардони яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ” ва ҷонибдори гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” мебошанду “нақшаи куштори низомиёни рус ва кормандони сохторҳои ҳифзи қонун”-ро доштанд. Тасдиқи дурустии ин иттиҳом тавассути манобеи мустақил, ҳамонгуна, ки шиносоии нафарони боздоштшуда феълан имкон надорад. Ҳамчунин маълум нест, ки то куҷо ин нафарон иттиҳоми ФСБ-ро эътироф мекунанд ва ба ҳангоми боздошт ба вакили дифоъ дастрасӣ доштанд ё на.

Дар видео гуфта мешавад, ки боздошти ин нафарон дар хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Санкт-Петербург сурат гирифтааст.  Дар видео дида мешавад, ки ҳамаи боздоштшудаҳо рӯ ба замин хоб ҳастанд. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки ин нафарон аз назари таблиғоти терроризм ва ҷалби шаҳрвандони Русия ба сафи сохторҳои террористӣ санҷида мешаванд. ФСБ гуфтааст, ки гӯё ин нафарон “дар фикри куштори низомиён ва кормандони сохторҳои ҳифзи қонуни Русия буда, баъди ин мехостанд барои ширкат дар созмони байналмилалии террористӣ ба яке аз кишварҳои Ховари Миёна бираванд”. Ҷузъиёти аз ин беш дода намешавад.

Хабари гӯё боздошт шудани гумонбарони ДИИШ дар ҳолест, ки рӯзи 27 июл ФСБ аз кушта шудани як зодаи дигари Осиёи Марказӣ дар шаҳри Химки хабар дод, ки гӯё узви созмони террористӣ будааст. Баъдан матбуоти расмӣ гуфт, ки эҳтимолан ин шахс шаҳрванди 19-солаи Тоҷикистон бо номи Одил Қаюмов буд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки ин “пешгирӣ аз як ҳамлаи террористӣ дар макони таҷаммӯи нафарони зиёд дар Маскав” буд.  Ин дар ҳолест, ки  бо гузашти ду рӯз аз он ҳодиса ҳанӯз мақомоти Тоҷикистон дар бораи ин шахс огоҳонида нашудаанд ва санҷиши дурустии иттилои мақомот ҳамоно ғайриимкон аст.  Бархе коршиносон дар Тоҷикистон ба дурустии иттиҳоми мақомоти рус шубҳа карданд.

Дар  гузашта бархе наздикони муттаҳамони гӯё даст доштан дар амалҳои террористӣ дар Русия ва ҳам ҳомиёни ҳуқуқ аз ношаффоф будани чунин парвандаҳо интиқод карда гуфтаанд, ки ҳолатҳои сохтакорӣ ва муттаҳам кардани афроди бегуноҳ дар чунин ҷиноятҳои сангин кам нест. Бархе фаъолон мегӯянд, ки гоҳе ба хотири боло бурдани омори марбут ба пешгирӣ аз ҷиноятҳои сангин сохторҳои ҳифзи қонун дар Русия қишри осебпазир ва беҳимояти мисли муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар нақшаҳои сохтакории ҷиноятҳои марбут ба ифротгароиву терроризм истифода мекунанд.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.