ФУТБОЛ. Имрӯз бозиҳои даври ёздаҳуми Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд

ДУШАНБЕ, 27.08.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, соати 17:00, дар варзишгоҳҳои мамлакат бозиҳои даври ёздаҳуми  Чемпионати Тоҷикистон оид ба  футбол  байни дастаҳои Лигаи аввал оғоз мешаванд. Дар он дастаҳои футболи  «Барқчӣ»-и шаҳри Ҳисор бо  «Равшан»-и ноҳияи  Зафаробод, «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд, «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат бо «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе бо  «Исфара»-и шаҳри Исфара ва 28 август «Моҳир»-и ноҳияи Ёвон  бо  «Равшан»-и шаҳри  Кӯлоб, «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо «Ҳосилот»-и ноҳияи Фархор    байни ҳам рақобат мекунанд. Мавзӯъро шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон шарҳ медиҳад.

Дастаи  футболи  «Равшан»-и  шаҳри  Кӯлоб  дар даври даҳум дар майдони худ дастаи «Барқчӣ»—и  шаҳри Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 мағлуб намуд, мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон боз ҳам устувор кард.

Дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб   дар 10 бозӣ 27 имтиёз гирифта, пешакӣ ғолиби марҳилаи аввали мусобиқа гардид ва муборизаро барои роҳхат ба Лигаи олӣ дилпурона идома медиҳад.

Дастаи  футболи «Эсхата»-и шаҳри  Хуҷанд бо 21 имтиёз дар ҷойи дуюм қарор дорад. Хуҷандиҳо   бар дастаи меҳмон – «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ — бо ҳисоби 6:3 ғолиб омаданд.

Дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки 17 имтиёз дорад, дар ҷадвали мусобиқа мақоми сеюмро касб кардааст. Дастаи  «Панҷшер» дар даври даҳум дар майдони худ бар  дастаи футболи «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.

Дар се бозии дигари даври даҳум  дастаҳои  футболи «Ваҳдат»-и шаҳри Ваҳдат дар меҳмонӣ бар «Исфара»-и шаҳри Исфара бо ҳисоби 3:1, «Равшан»-и Зафаробод дар майдони худ бар «Шоҳмансур»-и Душанбе бо ҳисоби калони  8:0 ва «Ҳосилот»-и  ноҳияи Фархор бар дастаи меҳмон – «Моҳир»-и Ёвон — бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд.

Мусобиқаи Лигаи аввали футболи Тоҷикистон. Даври 10-ум

«Исфара» – «Ваҳдат» – 1:3

Голҳо: Ибодулло Шарипов, 14 (1:0). Суҳроб Асоев, 32 (1:1). Самариддин Расулов, 88 (1:2). Муҳаммад Абдураҳмонзода, 90+4 (1:3).

Беҳтарин бозингари дидор: Фаромурз Саидов («Ваҳдат»).

«Панҷшер» – «Ҳулбук» – 3:2

Голҳо: Рустам Назаров, 26 (1:0). Аваз Камчинов, 38 (1:1). Рустам Назаров, 56 (2:1). Абдухалил Боронов, 58 (3:1). Аваз Камчинов, 76 (3:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Аваз Қамчинов («Ҳулбук»).

«Эсхата» – «Саройкамар» – 6:3

Голҳо: Рустам Сабуров, 12 (1:0). Мубинҷон Муъминов, 15 – аз пеналтӣ (2:0). Мубинджон Муъминов, 22 (3:0). Акмалҷон Авазов, 28 (3:1). Боҳирҷон Сангинбоев, 34 (4:1). Соҳибҷон Ваҳҳобов, 43 (4:2). Рустам Сабуров, 54 (5:2). Иброҳим Муҳтоҷзода, 84 (5:3). Мубинҷон Муъминов, 90+4 (6:3).

Беҳтарин бозингари дидор: Мубинҷон Муъминов («Эсхата»).

«Равшан» (Зафаробод) – «Шоҳмансур» – 8:0

Голҳо: Хурсандмурод Ҷумъаев, 13 (1:0). Парвиз Деҳқонов, 15 (2:0). Парвиз Деҳқонов, 21 (3:0). Бахтиёр Зарипов, 25 (4:0). Азимҷон Мавлонов, 35 (5:0). Бахтиёр Зарипов, 44 (6:0). Зиёвуддин Фузайлов, 70 (7:0). Зиёвуддин Фузайлов, 79 (8:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Зиёвуддин Фузайлов («Равшан»).

«Ҳосилот» – «Моҳир» – 5:0

Голҳо: Муҳаммадҷон Шерзода, 3 (1:0). Далер Умаров, 33 (2:0). Муҳаммадҷон Шерзода, 56 (3:0). Комрон Салимов, 87 (4:0). Исроил Сомон, 90+3 (5:0).

Беҳтарин бозингари дидор: Тоҳирҷон Тағойзода («Ҳосилот»).

«Равшан» (Кӯлоб) – «Барқчӣ» – 4:2

Голҳо: Наврӯз Рустамов, 40 (1:0). Наврӯз Рустамов, 50 (2:0). Файзиддин Назаров, 59 (2:1). Зокир Абдулхайров, 60 (3:1). Ҳасан Рустамов, 62 (4:1). Муҳаммадҷон Ризомов, 88 (4:2).

Беҳтарин бозингари дидор: Наврӯз Рустамов («Равшан»).

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа

Ҷ ДАСТАҲО Б Ғ М Б Т И
1 «Равшан» (Кӯлоб) 10 9 0 1 41-18 27
2 «Эсхата» (Хуҷанд) 10 7 0 3 29-20 21
3 «Панҷшер» (Ҷалолиддини Балхӣ) 10 5 2 3 23-13 17
4 «Ҳулбук» (Восеъ) 10 5 1 4 21-19 16
5 «Исфара» (Исфара) 10 5 0 5 17-19 15
6 «Ваҳдат» (Ваҳдат) 10 4 2 4 31-24 14
7 «Саройкамар» (Панҷ) 10 4 2 4 22-23 14
8 «Моҳир» (Ёвон) 10 4 2 4 23-30 14
9 «Ҳосилот» (Фархор) 10 4 1 5 20-20 13
10 «Равшан» (Зафаробод) 10 3 4 3 20-16 13
11 «Барқчӣ» (Ҳисор) 10 2 1 7 20-24 7
12 «Шоҳмансур» (Душанбе) 10 0 1 9 7-48 1

 

Нишонзанҳо: Аваз Қамчинов («Ҳулбук») – 15 тӯб, Мубинҷон Муъминов («Эсхата») – 13 тӯб, Баҳровар Ҳалимов («Моҳир») – 8 тӯб, Фирдавс Мӯсоев («Исфара»), Амирҷони Фаррухзод («Равшан»), Самариддин Расулов («Ваҳдат»), Акмалҷон Авазов («Саройкамар») – 7- тӯбӣ.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.