G7 дар ҳафтумин солгарди ‘ишғоли Қрим» Русияро сахт танқид кард

Ҳатфгонаи кишварҳои пешрафтаи саноатии ҷаҳон ё G7 ҳафтумин солгарди аннексия шудани Қримро аз тарафи Русия бо таъкиди “дастгирии бечунучаро”-и истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии Украина дар доираи марзҳои эътирофкардаи ҷомеаи байналмилал ёдоварӣ кард. Дар як изҳороти муштараки рӯзи 18 март вазирони корҳои хориҷии Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Ҷопон ва ИМА ва ҳамчунин масъули сиёсати хориҷии ИА “ишғоли муваққатии Қрим аз тарафи Русия” ва “поймол шудани ҳуқуқи инсон, махсусан ҳаққи тоторҳои Қримро дар нимҷазира бо як овоз маҳкум карданд”. Онҳо гуфтанд, ки ҳамчунин “қатъиян зидди амалҳои Русия дар ноором кардани Украина”, махсусан минтақаҳои шарқии Донетск ва Луҳански он мебошанд. Дар ин ду минтақа ҷанг байни нерӯҳои ҳукумати Украина ва ҷудоихоҳоне, ки аз тарафи Русия пуштибонӣ мешаванд, аз моҳи апрели соли 2014 то ҳоло зиёда аз 13 000 нафар кушта шудаанд. Русия дар моҳи марти соли 2014 бо фиристодани нерӯҳояш нимҷазираи Қримро ғасб ва раъйпурсие баргузор кард, ки бо барканор шудани президенти Маскавгарои Украинаи Маскав Виктор Янукович ҳадди аққал аз ҷониби 100 кишвар ғайриқонунӣ дониста шуд. Дар изҳороти худ, Гурӯҳи G7 ва ИА аз Русия даъват карданд, ки фавран ҳамаи онҳоеро фавран раҳо кунад, ки дар ҷараёни он чӣ гурӯҳҳои ҳуқуқи башар ва ҳукуматҳои Ғарб маъракаи саркӯби фаъолон, рӯзноманигорон, намояндагони ақаллияти тоторҳои Қрим, ки туркзабон ҳастанд ва дигаронеро, ки аннексияро зери шубҳа мегузоранду “беасос боздошт шудаанд”.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.