Гаравгонҳои “Бонки Гурҷистон” озод шуданд. Ҳамлагар фирор кардааст

Ҳамаи гаравгонҳоеро, ки дар “Бонки Гурҷистон” дар шаҳри Зугдидии ин кишвар гирифта шуда буданд, озод карданд. Вазорати умури дохилии Гурҷистон гуфт, касе аз гаравгонҳо осеб надидааст.

Шахси ношиносе, ки дар Бонки Гурҷистон 43 касро ба гарав гирифта буд, дар натиҷаи гуфтугӯ розӣ шудааст, то бештари гаравгонҳоро бар ивази таслим шудани сардори пулиси минтақаи Самегрело-Верхняя-Сванетӣ Автандил Галдава озод кунад.

Ҳамлагар дертар ҳамроҳи се гаравгон ва Галдава бинои бонкро тарк кард. Кормандони пулис тавонистанд ӯро ба озод кардани гаравгонҳои боқӣ розӣ кунонанд. Ба иттилои “Рустави 2”, худи ҳамлагар дар озодӣ буда, ба ҷои номаълуме паноҳ бурдааст.

Ин марди мусаллаҳи ниқобпӯш 21 октябр ба бинои “Бонки Гурҷистон” дар Зугдидӣ ворид шуда, 43 корманд ва муштарии бонкро ба муддати беш аз ҳафт соат ба гарав гирифт ва 500 ҳазор доллар талаб кард.

Ҳамлагар дар баробари пул чархбол ё имкони сафари амн бо автобусро ҳамроҳи гаравгонҳо талаб намуд. Ӯ баъди гирифтани пул ба ҷуз аз се гаравгон, боқиро озод карда, бо мошине Зугдидиро тарк кард.

Пулиси Гурҷистон дар робита ба ин ҳодиса бо моддаҳои “Ғоратгарӣ”, “Нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ” ва “Шиканҷа” парванда боз кардааст. Банди охир ҳабси якумриро пешбинӣ мекунад.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.