Гардиши мол миёни Тоҷикистону Русия дар қиёс бо соли 2020 бештар шудааст

Дар 7 моҳи соли 2021 гардиши мол миёни Тоҷикистон ва Русия 640 миллион долларо ташкил дод, ки ба иттилои мақомот, 74 миллион доллар бештар назар ба ҳамин давраи соли гузашта будааст. Соли 2020 давраи авҷи пандемияи коронавирус ва маҳдудият дар ҳаракати одамон ва бору мол ба шумор меравад. Хабаргузории “Ховар” менависад, ин омор рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе аз забони  муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои  Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар  Форуми доираҳои тиҷоратии  Тоҷикистон ва Русия садо додааст, ки дар кори он, аз ҷумла, президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин иштирок кард.

 Абдураҳмонзода изҳори медворӣ кардааст, ки ин ҳамоиш  ба ҳамкории доираҳои тиҷоратии ду кишвар дар давраи пас аз буҳрон такони нав мебахшад. Ӯ гуфтааст,  аз соли 2007 то 2021 ҳаҷми сармоягузории Русия ба иқтисоди Тоҷикистон 1,6 миллиард долларро ташкил додааст.

«Соли 2020 ҳаҷми сармоягузории мустақими Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 14 миллион долларро ташкил дод, ки ба иқтидори  мавҷудаи ҳамкории дуҷониба ва рӯҳияи муносибатҳои мутақобилаи мо мувофиқат намекунад», — афзуд  Абдураҳмон Абдураҳмонзода.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.