Гаронарзиштарин блогерони Русия: ЧБД бо 3,55 млн доллар дар мақоми аввал

Forbes гаронарзиштарин блогерони Русияро эълом кард. Ровиёни барномаи “Что было дальше” тибқи ҳисоботи маҷалла гаронарзиштаринанд.

 Маҷаллаи Forbes нахустин бор феҳристи блогерони YouTube – ро, ки бештарин даромад аз реклама доранд, тартиб дод.

Дар сархати ин рейтинг стендапер аз Қазоқистон Нурлан Сабуров ва шариконаш дар шабакаи LABELCOM қарор гирифтанд. Онҳо дар давоми як сол аз ҳисоби тарғибот 3,55 миллион доллар кор кардаанд.

Дар мақоми дуюм техноблогер Wylsacom  ҷой гирифт. Ӯ дар як сол аз ҳисоби реклама 3,41 миллион доллар фоида гирифтааст.

Ҷои сеюмро бо 1,13 миллион доллар ҳаҷвнигор Александр Гудков бо шабакаи “Чикен Карри” аз худ кардааст.

Дар ҷойи чорум ва панҷум журналист Юрий Дуд ва ҳунарманд Антон Лапенко истодаанд. Дар умум исми 15 блогери гаронарзиш дар Русия эълон шудааст.

Шабакаи LABELCOM дар YouTube 4,5 миллион ҳамванд дорад. Ин шабакаи ҳавҷнигорони телевизиони ТНТ мебошад. Барои ин шабакаи ширкати Medium Quality бо продюсерии Вячеслав Дустмуҳаммадов омода мекунад.

Машҳуртарин барномаи ин шабака “Что было дальше?” (ЧБД), мебошад. Дар ин барнома 5 ҳаҷвнигор меҳмонеро даъват мекунанд ва ба нақли ӯ гӯш карда бо фарзияи худ онро анҷом мебахшанд.

Реклама дар ин шабака чанд моҳ пеш пардохт мешавад. Миёни ширкатҳои тарғиботӣ чунин корхонаҳои бузурге аз қабили “Газпром нефть” ва Samsung ҳузур доранд.

Манбаъ: Sputnik-tj.com

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.