Гашти низомӣ дар Дарвози Тоҷикистон чанд рӯз баъди таҳдиди “Толибон”. АКС

Рӯзи 27-уми сентябр дар маркази ноҳияи Дарвози ҳаммарз бо Афғонистон дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон парад ва ё гашти низомии қушунҳои сарҳадӣ, нирӯҳои хушкигарди Вазорати мудофиа ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид. Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар маҷмӯъ дар гашти низомӣ ду ҳазор афсару сарбоз қадам зада 50 адад техникаи ҳарбӣ ба намоиш гузошта шуд. Ин гашти низомӣ дар пайи он сурат мегирад, ки ду рӯзи пеш гуруҳи «Толибон» гуфт, ҳазорон маргталабро дар вилояти Тахори Афғонистони ҳаммарз бо Тоҷикистон мустақар кардааст. Аз ин қабл, мақомоти тоҷик гуфта буданд, аз омодагии бархе аз ҷангиёни тоҷику қафқозии зери назари «Толибон» барои вуруд ба хоки Тоҷикистон хабар дарёфт кардаанд. «Толибон» ин ҳарфҳоро рад намуда гуфтанд, ба ҳеҷ гуруҳе иҷоза намедиҳанд, ки аз қаламрави Афғонистон вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд.  ​

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.