Генералӣ эронӣ гуфт, аз Амрико наметарсанд

Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон мегӯяд, кишвараш омодаи посух ба ҳама гуна фишорҳои низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аст.

Ин паём дар остонаи солгарди қатли Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи Сипоҳи посдорон садо дод.

Генерал Ҳусейн Саломӣ гуфт, ки Эрон “мушкиле, нигаронӣ ва ё тарсу ҳарос аз бархӯрд бо ягон қудрат”-ро надорад.

Ин фармондеҳи эронӣ рӯзи 1-уми январ дар маросими ёдбуди Қосим Сулаймонӣ дар Донишгоҳи Теҳрон суханронӣ кард.

Аз ин пештар Иброҳим Раисӣ, раиси Додгоҳи Эрон гуфт, онҳое, ки куштори Сулаймониро анҷом доданд, “дар рӯи замин бехатар нестанд.” Ӯ гуфт, ҳатто Доналд Трамп, ки фармони ҳамларо содир кардааст, “эмин нест.”

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯҳои “Қудс”-и Сипоҳи посдорони Эрон рӯзи 3-юми январ дар ҳамлаи ҳавоии Амрико, дар Бағдод кушта шуд. Мақомоти Амрикоӣ, Қосим Сулаймониро дар қатли садҳо сарбози худ, муттаҳам дониста, гуфтаанд, ки ӯ ҳамлаҳои дигарро тарҳрезӣ мекард.

Қатли ӯ эрониҳоро ба хашм овард ва онҳо парчами Амрико ва кишварҳои дигари ғарбиро оташ заданд.

Мақомоти Эрон ҳушдор доданд, ки “интиқом” мегиранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.