Генерал Ҳамидзода ба ҷойи генерал Саидзода. Тағйироти кадрӣ дар ВКД

Бино ба як қарори ҳукумати Тоҷикистон, Маҳмадсаид Саидзода, муовини вазири умури дохилӣ аз мансабаш озод шудааст. Дар шарҳи қарор, ки рӯзи 10-уми сентябр нашр шуд, гуфтаанд, ӯро “ба кори дигар гузаронданд”, аммо дар бораи мансаби наваш чизе нагуфтанд. Генерал Саидзода 56-сола аст ва аз соли 2017 ҳамчун муовини вазири умури дохилӣ фаъолият дошт. Дар гузашта ба ҳайси сардори Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон кор кардааст. Бо қарори дигари ҳукумат, Бароталӣ Ҳамидзода муовини нави вазири корҳои дохилӣ таъйин шуд. Генрал Ҳамидзода 53-сола аст ва то ин дам сардори воҳиди махсуси ВКД буд. Пештар ҳамчун муовини сардори Раёсати БДА, муовини аввали сардори Раёсати умури дохилии Душанбе ва Сардори раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Вазорати умури дохилӣ кор кардааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.