Генерал Миллер: Омодагӣ ба хуруҷ оғоз шудааст, нерӯҳои афғон бояд омода бошанд

Артиши Амрико мегӯяд, ки ба поён додани амалиётҳои худ дар Афғонистон оғоз кардааст ва нерӯҳои амниятии афғон барои гирифтани масъулият бояд омода бошанд. 

Генерал Скот Миллер, фармондеҳи нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО дар Афғонистон рӯзи якшанбе дар нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, ки аз ӯ зиёд пурсида мешавад, ки оё нерӯҳои амниятии афғонро корро дар набудани нерӯҳои амрикоӣ ва ё дигар нерӯҳои хориҷӣ анҷом дода метавонанд ё не? Миллер дар идома гуфт, ки “паёмаш ҳамеша ин будааст, ки онҳо (нерӯҳои амниятии афғон) бояд омода бошанд”.

Дар ҳоле, ки раванди хуруҷи 2500 сарбози амрикоӣ ва 7 ҳазор тан аз нерӯҳои НАТО дар аввали моҳи май, яъне рӯзи шанбеи оянда расман оғоз хоҳад шуд, Миллер гуфт, тадобире ба унвони бехше аз раванди хуруҷ оғоз шудааст.

Ӯ афзудааст, ки нерӯҳо ба шакли муназзам Афғонистонро тарк хоҳанд кард ва пойгоҳҳо ва бархе таҷҳизоти худро ба нерӯҳои Афғонистон хоҳанд супурд. “Дар ҳоле, ки мо шумораи нерӯҳои худро ба сифр мерасонем, пойгоҳҳоро дар қадами аввал ба Вазорати дифоъ ва дигар нерӯҳои афғон месупорем ва ин ҳама пойгоҳҳое аст, ки мо берун шудан аз онҳоро оғоз мекунем”.

Ин изҳороти генерали амрикоӣ чанд соат қабл аз баён шуд, ки узви ҳайати музокиракунандаи Толибон Шермуҳаммад Аббос Станакзай дар Твиттер навишт, ки ба ду дархости Толибон посухи мусбат дода хоҳад шуд. “Ба зудӣ номҳои раҳбарони Толибон аз “рӯйхати сиёҳ” берун хоҳад шуд ва 7 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ раҳо хоҳанд шуд”.

Станакзай ба масъалаи оташбас, ки яке аз шартҳои Шӯрои миллии мусолиҳаи сулҳ мебошад, ишорае накард. Шӯрои миллии мусолиҳаи миллӣ, ки раҳбарии онро Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба дӯш дорад, ҳанӯз ба ин суханони Аббос Станакзай вокуниш нишон надодааст.

Ҳукумати Афғонистон бо раҳбарии Ашрафғ Ғанӣ озодии зиндониёни бештари Толибонро радд кардааст. Соли гузашта беш аз 5 ҳазор зиндонии Толибон аз зиндонҳои Афғонистон раҳо шуда буданд. Гуфта мешавад, ки бахши калоне аз зиндониёни раҳошуда ба майдонҳои ҷанг баргаштанд ва дар хушунатҳо даст доранд. Толибон инро рад кардаанд.

Бамбгузориҳо пас аз он, ки президенти Амрико Ҷо Байден муҳлати хуруҷи нерӯҳои он кишвар аз Афғонистонро аз 1-уми май та 11 сентябр ба таъхир андохт, афзоиш ёфтааст. Толибон пас аз ин эълони Ҷо Байден дар таърихи 14-уми апрел, ҳушдор доданд, ки ҳамлаҳои худро аз сар мегиранд.

Толибон дар вокуниш ба таъхири хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ширкат дар нишасти сулҳи Истанбулро, ки қарор буд рӯзи 16-уми апрел баргузор шавад, рад карданд. Туркия гуфт, ки ин нишаст баъд аз моҳи Рамазон дар миёнаҳои моҳи май баргузор мешавад, аммо замони дақиқи баргузории онро маълум накард.

Гуфгугӯҳои байнулафғонӣ дар Давҳа — пойтахти Қатар аз моҳи сентябр ба ин тараф мутаваққиф шудааст.

Генерал Мюллер гуфт, ки ба Комиссияи сиёсии Толибон ошкоро гуфтааст, ки аз хушунат даст бикашанд. Ӯ афзуд, ки ин ҳам ба Толибон гуфта шуд, ки агар ба иқдомоти низомӣ рӯ оваранд, ин як фоҷеа барои Афғонистон ва мардуми он ба вуҷуд хоҳад овард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.