Генерали амрикоӣ: шумори нирӯҳо дар Афғонистон то 8600 нафар коҳиш дода шуд 

ИМА шумори нирӯҳояш дар Афғонистонро бар асоси мувофиқаи моҳи февралӣ бо Толибон  коҳиш дод. Генерали амрикоӣ Кеннет МакКензи, раҳбари фармондеҳии марказӣ дар як нишасти пажӯҳишгоҳи таҳлилии Аспен рӯзи 18 июн гуфт,  “мо ба тавофуқ расида будем, ки дар 135 рӯз шумори нирӯҳоро тахминан ба 8 ҳазор нафар мерасонем” ва афзуд, “ҳоло мо дар ҳамин сатҳ қарор дорем”. Созиши хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон бахше аз қарордоди сулҳи ИМА бо Толибон аст. Бар асоси ин созиш,  шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон то миёнаҳои июл аз 12 ҳазор то 8600 нафар коҳиш дода мешавад. Агар бахши дигари созишнома иҷро шавад, нирӯҳои амрикоиву хориҷии боқимонда то миёнаҳои июли соли 2021 Афғонистонро тарк хоҳанд кард. 

Яке аз муҳимтарин талаботи созишнома ин аст, ки Толибон  бо гурӯҳҳои дигари тундрави Ал-Қоида ва “Давлати исломӣ” тамоми робитаҳояшро қатъ кунад. МакКензӣ гуфт, ки ИМА мехоҳад бубинад, ки онҳо “зидди Ал-Қоида чӣ мекунанд” ва афзуд, “фурсати кам мондааст”.

  

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.