Гирифтории 52 қазоқистонӣ ба COVID-19 дар як рӯзи охир

Дар як шабонарӯзи охир дар Қазоқистон 52 ҳолати нави гирифторӣ ба вабои коронавирус сабт шудааст.

Ба ин тартиб, шумори умумии гирифторони вабои коронавирус дар Қазоқистон ба 107 ҳазору 775 кас расида, аз ин шумор 1722 тан фавтидааст. Дар ин бора вазорати тандурустии он кишвар иттилоъ медиҳад.

Дар Қазоқистон ду навъи омор мавҷуд аст. Яке омори гирифторони вабои коронавирус ва дигар гирифторони “илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус”.

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, то рӯзи якшанбеи 27 август шумори гирифторони илтиҳоби шабеҳ ба коронавирус ба 32 ҳазору 452 кас расида буд. Аз ин навъи илтиҳоб дар Қазоқистон 349 тан фавтидааст.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.