Грета Тунберг ба барномаи COVAX-и СҶТ 100000 евро тақдим мекунад

 Фаъоли масоили муҳитзистӣ Грета Тунберг гуфт, ки аз ҳисоби шахсии худ ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) барои харидани воксина дар доираи барномаи COVAX 100 ҳазор евро тақдим мекунад. Барномаи COVAX барои таъмини кишварҳои нодор бо воксинаи зидди COVID-19 эҷод шудааст.

Дар нишасти матбуотии СҶТ ин фаъоли масоили муҳитзистӣ кишварҳои сарватмандро танқид кард, ки, ба гуфтааш, ба эмкунии гурӯҳи ҷавону сиҳҳати аҳолии худ шитофтаанд, дар ҳоле, ки дар кишварҳои нодор ҳатто барои афроди осебпазир дар баробари коронавирус воксина намерасад.

Тунберг гуфт, пулҳое, ки ба бунёди хайрияи ӯ ворид мешаванд, аз ҳисоби ҷоизаҳо, тақдимҳо ва ҳаққи нашри китобҳояш ба даст меоянд. Ӯ гуфт, барои фаъолияташ пул намегирад ва бо кори хайрия ҳам машғул намешавад.  

Аз замони шурӯи пандемияи коронавирус дар саросари сайёра 142 миллион нафар ба ин вирус олуда шуданд, беш аз 3 миллион нафар даргузашт. СҶТ эмкунӣ ба муқобили  COVID-19-ро роҳи муассири пешгирӣ аз ин беморӣ меномад.

Айни замон, баландтарин нишондоди эмшудаҳо дар Исроил, ИМА ва Бритониё ба қайд гирифта шудааст. Дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо суръати эмкунӣ бо кундӣ пеш меравад, чун бо нокифоятии воксинаҳо рӯбарӯ шудаанд.

Барномаи COVAX, ки барои пуштибонӣ аз кишварҳои нодор сохта шудааст,  ҳадаф дорад, ки аз ҳисоби СҶТ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ба ин кишварҳо воксинаҳоро бепул ирсол кунад. Яке аз ин кишварҳо Тоҷикистон аст, ки то ҳол беш аз 190 ҳазор воя ё доза воксинаи зидди коронавирус дарёфт кардааст ва қарор аст се баробар бештар воксинаи дигарро дарёфт кунад. Вале ин миқдор на бештар аз 20 дарсади аҳолии Тоҷикистонро фаро хоҳад гирифт.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки бо Русияву Чин имкони дарёфти воксинаҳои сохтаи ин кишварҳоро баррасӣ мекунанд, вале ҳанӯз натиҷае маълум нест. Дар Тоҷикистон, бино бар омори расмӣ 13308 нафар ба коронавирус олуда шуда 90 нафар ҷон додаанд, вале омори воқеӣ метавонад ба маротиб бештар бошад, чунки мақомот дар Тоҷикистон  вуҷуди коронавирус ва марги инсонҳо бар асари онро дар оғоз чандин ҳафта пинҳон карданд.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.