Гуфтаву нагуфтаҳои зиндони шудани Илҳоми Ботурободӣ

  • Манбаъ: “Спутник”
  • Манобеи молӣ: Будҷаи Русия 

Маводи таҳқиқшаванда

“Илҳом Командир” ба 9 соли зиндон маҳкум шуд

 

MediaMarker

 Дар ин матлаб “Спутник”  аз зиндонӣ кардани як тан аз афроди замоне бонуфузи вилояти Хатлон Илҳоми Ботурободӣ иттилоъ додааст. Ростиозмоии МедиаМаркер собит кард, ки: 

  •  Манбаъи хабар раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён мебошад, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ дошт.
  •  Дар матлаб сабаби ба 9 соли зиндон маҳкум шудани Илҳоми Ботурободӣ “барнагардондани қарз ба бонк” гуфта шудааст, вале дақиқ нест, ки сухан аз қарз аз кадомин бонк ё чанд бонку кадом қарзҳо меравад.
  • Ба иттилоъи МедиаМаркер ин қазия аз қарзҳои барнагардонда ба “Агроинвестбонк” об мехӯрад , ки дар ду соли ахир ҳудуди 20 тан соҳибкорони бонуфуз ва сарватмандони Тоҷикистонро бо шумули афроди наздик ба раиси вақти Бонки миллии Тоҷикистон ва собиқ муовини Сарвазири Тоҷикистон Муродалӣ Алимардонов пушти панҷараи зиндон бурданд.
  • Миёни онҳо  Исматулло Ҳаёев писари Сарвазири вақти Тоҷикистон Изатулло Ҳаёев ва вакили собиқи Маҷлиси намояндагон Акбар Ҳакимов, фарзанди калонии Дости “Бурут” низ мебошанд.
  • Дар бораи нақшу ҷойгоҳи Илҳом Командир ё Илҳоми Ботурободӣ дар вилояти Хатлон мо дар ин матлаб муфассал иттилоъ дода будем.
  • Ӯ аз афроди наздик ба хонадони ҳукмрони Тоҷикистон маҳсуб мешуд, вале солҳои ахир мисли аксарияти кулли дигар соҳибнуфузҳои вилояти Хатлон  зери фишори Саъдуллоевҳо ва Соҳибовҳо мавқеъашро аз даст дода буду натанҳо мисли дигар манфиатбардорони қарзҳои додаи “Кредит-Инвест” дар ҳаҷми беш аз 850 миллион доллари ИМА зери  назари мақомот қарор дошт, балки ба муноқиша бо Соҳибовҳо низ роҳ дода буд.
  • Бо ҳамин далелҳо намешавад бо итминони комил гуфт, ки сабаби зиндонӣ кардани ӯ танҳо нагардонидани қарзи бонкӣ мебошад. Дар матлаби “Спутник” назари намояндаи қонунии ӯ низ вуҷуд надорад, ки бархилофи аслҳои рӯзноманигорӣ аст.
  • Матлаби мазкури “Спутник” боэътимод аст, вале пурра ва дақиқ нест.  Нагуфтаҳои ин қазия ҳамоно зиёданд ва таҳқиқи иловагӣ мехоҳанд.

 

 

 

The post Гуфтаву нагуфтаҳои зиндони шудани Илҳоми Ботурободӣ appeared first on MediaMarker.

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.