Гулрӯ Ҷабборзода: Барои сари вақт пардохт накардани музди меҳнат нисбат ба 38 нафар корфармо парванда оғоз карда шуд

ДУШАНБЕ, 23.07.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳи аввали соли равон барои сари вақт пардохт накардани музди меҳнати кормандон аз ҷониби Хадамоти давлатии  назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  назди вазорат нисбат ба 38 нафар роҳбарони ташкилоту муассисаҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ҳар яке ба андозаи аз бист то сӣ нишондиҳанда барои ҳисобҳо, дар ҳаҷми 49 176 сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар ин бора имрӯз Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

«Мушкилоти пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии афзоиши он таҳти назорати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои дахлдори  он қарор дорад»-, афзуд вазир.

Гулрӯ Ҷабборзода дар нишаст зикр кард, ки «танзими  раванди муҳоҷират яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор рафта, зери таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Дар давраи баррасишаванда аз ҷумҳурӣ 129 807 нафар ба хориҷи мамлакат ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 477 нафар ё 57 фоиз кам мебошад. Аз ҷумлаи умумии муҳоҷирони меҳнатӣ 117  912 нафар ба Федератсияи Россия ва 4 574 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафар намудаанд».

«Инчунин бозгашти муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан дар давраи ҳисоботӣ 90 333 нафарро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 фоиз кам мебошад»,- афзуд номбурда.

Дар нишаст ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади мустаҳкам намудан ва фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаҳои меҳнат, муҳоҷират, шуғли аҳолӣ ва таҳсилоти ибтидоии касбӣ 16 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардид, ки аз ин 1 адад ба тасвиб расида, 10 адад дар баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 адад дар мувофиқаи вазорату идораҳо қарор доранд.

Таъкид шуд, ки паҳншавии бемории COVID-19 дар аксари давлатҳои ҷаҳон ва вобаста ба ин басташавии сарҳадоти давлатҳо ба раванди  муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ низ таъсири манфӣ расонид. Аз ҷумла, аз ҷониби Федератсияи Россия, ки давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, аз 18 март то имрўз воридшавии тамоми шаҳрвандони хориҷӣ манъ карда шудааст ва ин раванд то ҳол идома дорад. Бо мақсади расонидани иттилои зарурӣ ва саривақтӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия дар вазорат ва сохторҳои он телефонҳои тамоси доимӣ ташкил карда шуда, дар дастгоҳи марказии вазорат ва сохторҳои системаи он навбатдорӣ ташкил карда шуд.

Инчунин дар шашмоҳаи якуми соли равон ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират 20 031 муроҷиату дархости муҳоҷирони меҳнатӣ ворид гардид. Бо дастгирии кормандони Намояндагӣ 6 млн. 662 ҳазор рубли русӣ музди меҳнати муҳоҷирони меҳнатӣ аз тарафи корфармоён пардохт гардида, 17 қарори судҳои ноҳиявӣ оид ба ихроҷи маъмурӣ нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор карда шуда, 1 730 нафар бо ҷойи кории доимӣ таъмин гардиданд.

Гулрӯ Ҷабборзода иброз дошт, ки дар шароити буҳрони пандемияи бемории COVID-19 аз ҷониби мутахассисони вазорат нақшаи зиддибуҳронӣ ҷиҳати паст намудани таъсири ин бемории сироятӣ ба вазъи бозори меҳнат ва муҳоҷират омода шуда, татбиқи як қатор чорабиниҳои фаъол дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд пешбинӣ гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки қабл аз баргузории нишасти матбуотии ниҳоди мазкур бо пешниҳоди Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрӯ Ҷабборзода доираи васеи хабарнигорон аз  фаъолияти имрӯзаи Хадамоти муҳоҷират огоҳ ва бо синфхонаҳои омодагии муҳоҷирон пеш аз сафар ба муҳоҷират шинос гардиданд.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.