Гунаҳгорони куштори журналисти арманитабор дар Туркия ҳукми абад гирифтанд

Додгоҳе дар Истамбул ду собиқ фармондеҳи полиси Туркия ва ду  корманди собиқи амниятиро барои қатли журналисти арманитабори Туркия Ҳрант Динк дар 14 соли пеш ба зиндони абад маҳкум кард. Динк 19-уми январи соли 2007 дар рӯзи равшан дар назди идораи нашрияи “Агос” аз тири туфанг кушта шуд. Ӯ сардабири ин нашрия буд ва 53 сол дошт. Динк як тарафдори ашаддии оддӣ шудани робитаҳои миёни арманиҳои масеҳӣ ва туркони мусалмон буд. Куштори  ӯ даҳҳо ҳазор нафар нафарро дар  Истамбул  мотамзада кард. Дар ташкили куштори Динк 76 нафар гумонбар ҳастанд. Ин афродро барои пинҳон кардани нақшаи куштори Динк гумонбар медонанд.

Нашрияи “Агос” хабар дод, ки 26-уми майи порсол собиқ раиси полиси махфӣ Рамазон Акирек ва собиқ муовини ӯ Алӣ Фуат йилимазер ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Аз рӯи ин қазия инчунин ду мақоми вазорати умури дохилӣ ҳам ба ҳукми абад маҳкум шуданд. Барои иҷрои куштор Огун Самаст ба 23 соли зиндон маҳкум шуд, ӯ ба ҳангоми қатли журналист 17 сол дошт.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.