Гурӯҳи Ҳафтгона 1 млрд воксина ба кишварҳои нодорро баррасӣ мекунад

Интизор меравад, ки дар ҷаласаи серӯзаи сарони кишварҳои узви Гурӯҳи  Ҳафтгона, ки 11-уми июн шурӯъ мешавад, ба кишварҳои нодор тақдим кардани 1 миллиард дона ё воя воксинаи зидди COVID-19 ваъда мешавад. Дар ин бора рӯзе пеш нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон  изҳорот дод, вале ба ҷузъиёт нарафт.  Ҳадафи асосӣ ин аст, ки то охири соли 2022 як нақшаи тақсим ва маблағгузорӣ ба эмкунии кишварҳои нодор таҳия ва иҷро шавад. Аз ин пеш президенти ИМА Ҷо Байден гуфт, ки кишвараш то соли оянда 500 миллион дона воксинаи ширкати  Pfizer-ро ба барномаи COVAX хайр мекунад. Тоҷикистон ҳам дар миёни 92  кишвари нодору миёнаҳол узви ин барномаи СММ мебошад.  Бритониё гуфт, ки то соли оянда 100 миллион дона воксинаро хайр мекунад.

Дар ҷаласаи гурӯҳи кишварҳои Ҳафтгона Бритониё, Фаронса, Олмон, Япония, Итолиё, Канада ва ИМА иштирок хоҳанд кард.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.