Гурӯҳи ҳунарии Театри мусиқии бачагонаи актёрони ҷавони Москва ба Тоҷикистон меояд

ДУШАНБЕ, 04.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. 8 сентябр  дар Тоҷикистон  сафари ҳунарии хайриявии Театри мусиқии бачагонаи актёрони ҷавони Москва таҳти сарварии роҳбари бадеӣ-Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Россия Александр Фёдоров баргузор мегардад.

Сафар аз ҷониби ташкилоти «Росссотрудничество» бо супориши Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия бо мақсади тарғиби  фарҳанги Россия дар қаламрави Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Сербия ташкил карда шудааст. Дар доираи сафари ҳунарӣ театр намоиши мусиқии «Афсонаҳо дар мавзӯи Дунаевский» — ро бахшида ба 75 — солагии Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон пешкаш менамояд.

Намоиш 8 сентябр, соати 16:00, дар Театри мусиқӣ-драмавии ба номи  Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Манбаъ: khovar.tj

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.