Гурӯҳи депутатҳои маҳаллӣ бекор шудани натиҷаҳои интихоботи Русияро талаб карданд

Дар Русия гурӯҳе аз депутатҳои мустақили маҷлисҳои маҳалливу вилоятӣ  дар аризае талаб кардаанд, ки натиҷаҳои интихоботи парлумонии 17-19-уми сентябри имсол бо сабаби тақаллубу қонуншиканиҳои зиёдаш бекор карда шавад. Анҷумани вакилони мустақили маҳалливу вилоятӣ дар аризае ба номи раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия Элла Памфилова навиштанд, ки аз ӯ ташкили “интихоботи одилонаву шаффоф”-ро тақозо карда буданд, вале “дар асл амалҳои шумо натиҷаҳои баръакс дод”.

Дар аризае, ки ба интернет барои имзои бештари норозиёни натиҷаҳои интихобот роҳ ёфтааст, гуфта мешавад: “Сиёсатмадорони барҷастаи мухолифин бо баҳонаҳои ноодилона барои ширкат дар интихобот роҳ дода нашуданд” ва “овоздиҳии бисёррӯза имкони тақаллубҳои оммавиро афзоиш дод”.

Комиссиюни марказии интихоботҳо рӯзи 21-уми сентябр эълон кард, ки баъди ҳисоби ҳамаи баргаҳо ҳизби ҳокими “Русияи воҳид” бо 49,82 дарсади овозҳо баранда эълон мешавад. Рақиби он ҳизби коммунист 18,93 дарсади овозҳоро ба даст овардааст. Бар асоси ин натиҷаҳо, “Русияи воҳид” дар Думаи давлатӣ 112 курсиро тавассути феҳристи ҳизбӣ ва 198 курсиро тавассути номзадҳои инфиродӣ ба даст овардааст. Дар маҷлиси иборат аз 450 курсӣ “Русияи воҳид” бароҳат аксари курсиҳоро дар ихтиёр дорад ва бидуни мушкил ба конститутсияи кишвар тағйиру иловаҳо ворид карда метавонад.

Интихоботи гузашта барои тақвияти қудрати Владимир Путин ва ҳам ҳамвор кардани роҳи ӯ ба интихоботи президентии соли 2024 муҳим арзёбӣ мешавад.

Мунаққидони зиёд гуфтанд, ки Кремлин интихоботро аз оғоз хеле эҳтиёткорона идора кард, аксар мухолифони воқеӣ аз пешбарии номзадиву ширкат дар интихобот маҳрум шуданд ва ҳукумат аз саркӯби мухолифон кор гирифт.

Яке аз намунаҳои он рӯзи аввали овоздиҳӣ – 17-уми сентябр аз замимаҳои Apple ва Google нопадид шудани барномаи овоздиҳии ҳушманд буд. Ҷонибдорони Навалний ин кори мақомотро ҳамчун сензура интиқод ва ширкатҳои фанновариҳои азимро барои тоб овардан ба фишорҳои Путин маҳкум карданд.

Зери аризае, ки дар интернет чоп шуд, дар чанд соати аввали нашр 3700 нафар имзо гузоштааст. Муаллифон аз Элла Памфилова тақозо кардаанд, ки бо истифода аз  салоҳиятҳояш “фазои қонунии интихоботиро барқарор кунад”. 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.