Гурезаҳои Афғонистон тавассути дарёи Ому ба Узбекистон мегузаранд

Сарфи назар аз он ки Узбекистон аз убури ғайриқонунии марзҳояш шадидан чораҷӯӣ мекунад, фирориёни Афғонистон тавассути Омударё ба Узбекистон мегузаранд.

Як сокини ноҳияи Музрободи Узбекистон шаби 12 сентябр хабар дод, ки як гуруҳи фирориёни Афғонистон вориди ҳудуди Узбекистон шудаанд.

“Шаби 12 сентябр, тақрибан соатҳои 2 шаб, дар ноҳияи Музробод як гуруҳи афғонҳо дида шуданд. Онҳо дари сокинонро куфта, нон пурсиданд. Ҳоло сарбозон дар кӯчаҳои ноҳия навбатдорӣ мекунанд ва хонаву таҳхонаҳоро мекобанд”, – гуфт сокини ноҳияи Музробод.

Ба гуфтаи вай, афғонҳо бо ҳамаи роҳҳои мумкин талош доранд, ки вориди Узбекистон шаванд.

Пештар аз ин мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки бо ҳаракати “Толибон” рабитаи наздик доранд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.