“Гусфанди ҳисорӣ” ё “Арашан”? Эътирози олимони тоҷик ба парвариши гӯсфанде дар Қирғизистон

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз пажӯҳишгарони Қирғизистон, ки аз парвариши навъи нави гӯсфанде бо номи “Арашан” хабар дода буданд, эътироз намуда гуфтааст, “ҳар чиз бо номи худаш гуфта шавад”.

Назари донишмандони қирғиз ба норизоии тарафи Тоҷикистон маълум нест, вале онҳо гуфтаанд, ки навъи нави гӯсфандро парвариш кардаанд.

Ин изҳороти олимони тоҷикистонӣ дар ҳоле нашр шуд, ки моҳи апрел Вазорати кишоварзии Қирғизистон аз сабти ном кардани гӯсфанди зотии навъи нави “Арашан” хабар дод. Ба навиштаи расонаҳои ин кишвар, вазни гӯсфанди селексионерҳои Қирғизистон то 180 килограм буда, бо серавғанӣ ва сергӯштиаш фарқ мекунад.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон гуфтааст аз сабти ном шудани гӯсфанде бо номи “Арашан” дар Қирғизистон дар ҳайрат монданд.

“Одилона мебуд агар ин гӯсфанди “Арашан” як навъи гӯсфанди ҳисорӣ номида мешуд”,–омадааст дар изҳороти Вазорат.

Дар идома гуфта мешавад, мактаби омӯзиши “Гӯсфанди ҳисорӣ” ва парвариши он дар Тоҷикистон аз соли 1947 оғоз шуда, пажӯҳишгарони тоҷик дар ин робита 30 рисолаи докторӣ ва номзадӣ ҳимоя кардаанд.

Вазорати кишоварзӣ ба таъкид гуфтааст , “гӯсфанди зоти ҳисорӣ ба тоҷикон тааллуқ дорад ва ифтихори миллати тоҷик мебошад”.

Дар ҳамин ҳол Вазорат таъкид кардааст, ки заҳмати олимони кишвари ҳамсояро қадр мекунад ва омодаи ҳамкорӣ дар ин соҳа аст.

 

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.