Гузоришҳо: дар Ҷалолобод ба мошини “Толибон” ҳамла карданд

Гузоришҳо аз шарқи Афғонистон ҳокист, ки ҳамлагарони мусаллаҳ ба мошинҳои «Толибон» ҳамла карда, чанд ҷангӣ ва мулкиро кушта бар ҷой гузоштанд. Дар як ҳамла дар шаҳри Ҷалолобод афроди мусаллаҳ ба сӯи мошини «Толибон» оташ кушода, ду нафари онҳову дастикам як мулкиро кушта бар ҷой гузоштанд. Дар ин бора рӯзи 22-юми сентябр шоҳидон хабар доданд. «Толибон» иддао карданд, ҳамаи кушташудаҳо мулкӣ буданд.

Як манбаъ ба Радиои Озодӣ гфт, ки ҳамлагарон савори рикша ҳаракат мекарданд ва баъди тирандозӣ тавонистанд фирор кунанд.

Як соат баъди ин ҳодиса маркази вилояти Нангарҳор шаҳри Ҷалолобод шоҳиди таркиши бомбаи сарироҳӣ шуд. Дар ин ҳодиса, ба шаҳодати шоҳидон, як ҷангии «Толибон» ва як мулкӣ маҷрӯҳ шуданд. Дар таркиши дигаре, ки дар ҳамин шаҳр рух дод, як нафари дигар маҷрӯҳ шуд. Феълан маълум нест, ки оё ин нафар ҷангӣ буд ё мулкӣ.

Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти ин ҳамлаҳоро ба дӯш нагирифтааст. Вале гуфта мешавад, ки дар ин минтақа аъзои гурӯҳи «Давлати исломӣ» ва шохаи «Хуросони Далвати исломӣ» фаъол аст ва ҳафтаи гузашта ҳам, тибқи гузоришҳо, дар куштори ҳашт нафар даст дошт. Нангарҳор  паноҳгоҳи шохаи «Хуросони Далвати исломӣ» аст ва ин гурӯҳ душмани мақомдорони нави Афғонистон ба ҳисоб меравад.

«Толибон» ва «Давлати исломӣ» дар гузашта ҳам бо ҳам задухӯрдҳое доштаанд.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.