Гузоришҳо: Хаббаррасони CIA дар Кремлин соли 2017 аз Русия берун бурда шуд

Матбуоти амрикоӣ хабар дод, ки Оҷонсии марказии истихборот (CIA) як ҷосуси баландпояи худро, ки дар бораи президенти Русия Владимир Путин, аз ҷумла, дар бораи мудохилаи Русия ба интихоботи президентии соли 2016-и ИМА маълумот медод,  соли 2017 ба ИМА кӯч дода буд.

Нашрияву хабаргузориҳои мисли New York Times, CNN ва Washington Post рӯзи 9 сентябр гузориш доданд, ки ин мард ба унвони як манбаи хеле арзишманди иттилоотии Амрико арзёбӣ мешавад. Бо вуҷуди ин ки ӯ ба доираи наздики ҳамкорони Путин ворид набуд, ба тамоми нақшаҳо ва иттилоти махфии амниятӣ дастрасӣ дошт.

Вале як манбаи беном дар ҳукумати Русия ба нашрияи “Коммерсант” гуфт, ки ин гузоришҳо ҳама дурӯғ ҳастанд. Сухангӯи CIA ба телевизиони CNN гуфт, ки ин хабар “ҳадсу гумонҳои иштибоҳӣ” мебошад. Сухангӯи Кохи Сафед гузориши CNN-ро носаҳҳеҳ хонд.

Нашрияи  Times гузориш дод, ки ин шахс давоми даҳсолаҳо ба ИМА гузоришҳо дода, аз ҷумла ба оҷонсиҳои истихборотӣ кӯмак кардааст, ки ба хулосае биёянд, ки воқеан ҳам Путин  ба хотири пирӯзии Трамп дар интихоботи президентӣ дар ҷараёни интихоботи соли 2016 мустақиман дахолат кардааст.

Хулосаҳо дар ин замина январи соли 2017 шаш ҳафта баъди  интихобот, ки бо пирӯзии Трамп дар муқобили рақиби демократаш Ҳилларӣ Клинтон анҷомид, нашр шуд. Кумитаҳои Конгресс ҳам, ки маъракаи интихоботии соли 2016-ро таҳқиқ карданд, бо ин хулосаҳо розӣ шуданд.

Охири соли 2016 ва 2017, ба навиштаи Times, CIA дар фикри аз Маскав берун овардани ин шахс шуд, вале ӯ бо сабаби нигарониҳои оилавӣ ин пешниҳодро рад кард. Вале ниҳоят ин мард дар нимаи аввали соли 2017 ба кӯчидан розӣ шуд.

Times ҳам мегӯяд, ки ин шахс аз доираи афроди наздик ба Путин набуд, вале ба тамоми иттило дар сатҳи баланд ва ҳам доираҳои тасмимгиранда дар Кремлин дастрасӣ дошт.

CNN инчунин гузориш дод, ки қарори ба ИМА кӯч додани ин шахс ба нигарониҳо аз сарнавишти ӯ бастагӣ дошт, чунки мақомоти иттилоотӣ дар ҳарос буданд, ки Трам метавонад иттилои бисёр махфиро дар ихтиёри мақомоти Русия гузорад. Ин иттило аз ҷониби сухангӯи Кохи Сафед қотеона рад шудааст.

Вале Times ва Post гузориш доданд, ки қарори мазкур аз нигарониҳо дар бораи вуҷуди шахси иттилоърасон дар Маскав бармеомад.  

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.