Гузоришҳо: муовини сарвазири Узбекистон мубтало ба COVID-19 шудааст

Шуҳрат Ғаниев, ноиб-сарвазири Узбекистон мубтало ба  коронавирус шудааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Узбекистон бо такя ба манобеи худ иттилоъ додаанд.

Дар хабар омадааст, ки раиси пешини вилояти Фарғона ва ноиб-сарвазири кунунии Узбекистон Шуҳрат Ғаниев дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Тошканд бистарӣ шудааст.

Ғаниев дар охири моҳи гузашта ба мақоми ноиб-сарвазирӣ расид. Вай дар ин мақом Уктам Барноевро иваз кард. Барноев рӯзи 20 сентябр дар синни 56 аз коронавирус фавтид.

Манбаъ: ozodi.org

Назар бидиҳед

Роёнишонии шумо нашр намешавад.